Қазияи Сурия кишварҳои оламро ба ду лагер ҷудо мекунад
Душанбе, 05.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии арабии Сурия Башор Асад изҳор кардааст, ки Ховари Миёнаро аз терроризми байналмилалӣ танҳо Русия наҷот дода метавонад. Тавре ки нашрияи «USA Today» менависад, Башор Асад аз сафарбар шудани неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар мубориза ба муқобили гурӯҳи террористии ДИИШ изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, ки: «Эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА аз омилҳои носуботӣ дар Сурия мебошад. Ба андешаи Б.Асад: «Кишварҳои ғарбӣ иғво меандозанд, то ин ки шаҳрвандони Сурия ба таври оммавӣ тарки манзил кунанд ва ин ҳолат ба бӯҳрони амиқе, ки Аврупо аз даврони ба анҷом расидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ надида буд, оварда мерасонад».
Хотиррасон мекунем, ки аз 30-юми сентябри соли равон неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия бо дархости Сурия вориди ҷанг бо дастаҳои террористии гурӯҳи ДИИШ гардиданд. Тайёраҳои ҷангии ФР дар ҳамдастӣ ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои низомии Эрон, Ироқ ва Сурия парвозҳои худро анҷом медиҳанд. Дар Бағдод ситоди муттаҳидаи ин кишварҳо ҳамчун Эътилофи чор кишвар амал мекунад.
Президенти Ҷумҳурии арабии Сурия Башор Асад муваффақияти Эътилофи чоргонаро бо боварӣ умедбахш номида гуфтааст, ки: «Дар сурати ғайр, мо ба шикаст ва харобазор шудани ҳамаи минтақа дучор мешавем».
Бояд гуфт, ки кишварҳои Эрон, Ироқ ва Сурия аз ҳамроҳшавии Федератсияи Русия дар мубориза ба муқобили гурӯҳи террористии ДИИШ истиқбол намудаву эътилоф ташкил кардаанд. Кишварҳои Туркия, Фаронса, Қатар, Арабистони Саъудӣ, Британияи Кабир ва ИМА бошанд, тавре ки расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, хоҳони қатъ шудани бомбаборонкуниҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия дар ҳудуди Сурия мебошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






