Баланд бардоштани маърифати оиладорӣ
Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 27 октябр дар Маркази саломатии “Ғозиён”-и ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 45 падару модари духтарони муассисаҳои таълимии рақамҳои 11 ва 20-и деҳа вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Дилбар Бобоева оид ба масъалаҳои ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, касбомӯзии онҳо, фарҳанги миллии либоспӯшӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, даст задани ҷавонон ба ҳодисаҳои номатлуб, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфта, моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатӣ» ва «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросими миллӣ»-ро фаҳмонид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






