Баррасии масоили вобаста ба оиладорӣ дар мулоқот бо фаъолзанони Кӯлоб

Октябрь 31, 2015 05:13

Кӯлоб, 31.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, суҳбату вохӯриҳо идома доранд. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо фаъолзанони шаҳру ноҳия вохӯрӣ доир намуд, ки дар он бисёр масъалаҳои марбут ба оила ва хусусан рӯзгори занон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. 
Тавре ки мудири бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова  иттилоъ  дод, яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин никоҳи хешу таборӣ мебошад, ки ба гуфти мутахассисони соҳаи тандурустӣ навад фисади шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби хешу табори худ оила ташкил намудаанд, кӯдакони носолим ба дунё овардаанд ё бо ҳар баҳона оилаашон вайрон шудааст. Кормандони соҳа дар ин ҳамоиш ба ҳозирон нисбат ба ин ва дигар масъалаҳои ташвишовар маслиҳатҳо доданд. Зикр гардид, ки то ҳанӯз баъзе шаҳрвандон хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда рафтор карда, тӯю маъракаҳои хешро бо исрофкорӣ мегузаронанд, ки бояд занону модарон садди роҳи ин қонуншиканиҳо гарданд. Кормандони бахши кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Хатлон гузаронидани чунин вохӯриву суҳбатҳоро муҳим арзёбӣ карданд. Чунин вохӯриҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо то охири сол гузаронида мешаванд. 

Октябрь 31, 2015 05:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ