Беш аз 18,3 миллиард сомонӣ – ҳаҷми буҷети давлатӣ дар лоиҳаи он барои соли 2016
Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 масъалаи асосии маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳоло таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи кунуни рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр намуд, ки дар 9 моҳи соли равон таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, аз ҷумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад.
Дар ин муддат иҷрои буҷети давлатӣ ба андозаи 96,5 фоиз таъмин шуда, ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нақша 391 миллион сомонӣ кам мебошад.
Аз ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар муҳлати боқимондаи соли равон барои иҷрои пурраи Буҷети давлатӣ чораҳои самарабахш андешида, амалӣ намоянд.
Бино ба иттилои Сарвари давлат, ҳаҷми Буҷети давлатӣ барои соли 2016 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли равон қариб 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8 фоиз зиёд аст.
Тавре таъкид гардид, хислати иҷтимоии буҷети давлатӣ оянда ҳам нигоҳ дошта мешавад ва ба ин хотир дар соли 2016 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ нисбат ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.
Дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018бо назардошти таклифу пешниҳодҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






