БМТ: Даври якуми озмун барои ишғоли ҷойҳои корӣ баргузор гардид
Душанбе, 28.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандон, таъмини батадриҷи самаранокии фаъолияти бонк дар чаҳорчӯба ва идомаи ислоҳоти сохторӣ 27 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон даври якуми озмун барои ишғоли ҷойҳои корӣ баргузор гардид.
Барои иштирок дар озмун ҳамаи довталабон — зиёда аз 400 нафар, ки дар муҳлати муайяншуда ба Идораи кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида буданд, ширкат варзиданд. Даври якуми озмун ба таври хаттӣ (санҷиши тестӣ) гузаронида шуд. Дар даври аввали озмун барои дар маҷмӯъ муайян кардани сатҳи дониши назариявии довталабон саволҳои санҷиши тестӣ аз мисолу масъалаҳо тартиб дода шуданд.
Даври дуюми озмун аз тариқи суҳбат баргузор гардида, довталабоне, ки аз даври якум бомуваффақият гузаштаанд, ба он роҳ дода мешаванд.
Довталабоне, ки дар ҷараёни супоридани санҷиши тестӣ ва суҳбатҳои минбаъдаи озмун дониши баланд, малакаи хуби касбӣ ва идоракунӣ нишон медиҳанду соҳиби таҷрибаи зиёд ва бенуқсони корӣ мебошанд, бо пешниҳоди Комиссияи озмун ва дастгирии роҳбарият ба вазифаҳои баландтар ва масъулиятнок таъйин мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






