Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод»- и ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент
Душанбе, 18.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Зимни сафари кории худ дар шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Шаҳзод»- и ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасан дидан намуд.
Дар ин хоҷагии деҳкони 37 нафар саҳмдор, ки 7 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, фаъолият менамоянд. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 23 гектарро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагидорон дар ин хоҷагии деҳҳонӣ номгуи зиёди зироатҳои кишоварзиро корида, ҳосили дилхоҳи гандум, шолӣ, ҷав, ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот ва беда ба даст меоранд. Тибқи иттилои сарвари хоҷагии деҳқонии Шаҳзод Фарҳод Муҳиддинов ҳар сол аз ин хоҷагӣ 105 тонна сабзавот, 88 тонна картошка, 35 тонна гандум ҳосил ба даст меоранд. Хоҷагии дехқонии «Шаҳзод” ҳануз соли 2003 таъсис ефта, дар ихтиёри худ 23 гектар заминҳои обӣ дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз даромади софи хоҷагӣ харидорӣ кадани техникаҳои гуногун ҳидоят намуд.
Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон намоишгоҳи маҳсулоти кишварзиро тамошо кард.
Дар ин намоишгоҳ 43 номгӯи маҳсулот, ки дастранҷи деҳконони шаҳр буд, ба маъраз гузошта шуд.
Гандум, ҷав, маккаи дон, нахуд, лубие, офтобпараст, картошка, помидор, бодиринг, пиез, сабзӣ, якчанд навъи ангур, себ, намудҳои гуногуни шолӣ ва асал аз ҷумлаи онҳо буд.
Зимни тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорон, боғдорон ва занбуриасалпарваронро ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифат, рушди бахшҳо, ба иқлими минтақаҳои гуногуни мамлакат мутобиқ кардани меваю полезиҳо, пайвандсозии ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, содироти дастранҷашон ба пойтахт, Россия, Покистон ва дигар кишварҳои хориҷ, тавсияҳои муфид дод.
Инчунин Президенти мамлакат маслиҳат дод, ки ҳар як нафари ба хоҷагидорӣ машғул дар баробари парваришу истеҳсоли маҳсулот ба харидорон дар бораи хусусиятҳои табобатии меваю сабзавот маълумот дода тавонанд, зеро ҳамаи маҳсулоти хуштамъу болаззати диёри мо дорои хусусиятҳои хоси табобатӣ ҳастанд ва бе ягон маводи доруворӣ имкони шифо бахшидан ба аксари бемориҳо мавҷуд аст.
Дар намоишгоҳ олимони академияи илмҳои кишоварзии мамлакат баъзе навъҳои маҳаллии шолии ихтироъкардаи худро муаррифӣ карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои пешбурди кори деҳқонӣ барору комёбӣ таманно намуд ва барфи аввалине, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент борид барои кишоварзон манбаи файзу баракат арзёбӣ кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






