Боздиди ҳайати Чувашистон аз вилояти Суғд
Хуҷанд, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати Чувашистони Федератсияи Русия бо роҳбарии раиси Ассотсиатсияи миллии «Ватан» — и тоҷикистониён воқеъ дар шаҳри Чебоксари Александр Козлов барои барқарор намудани равобит ва шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд омад. Ҳайати мазкур дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Суғд вазъу дурнамои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро муҳокима намуд. Зикр шуд, ки ҳар ду тараф ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ хусусан дар бахши энергетика мебошанд.
Ҳайати Чувашистон бо самтҳои асосии ҳамкории имконпазир ва лоиҳаҳое, ки мақсад аз онҳо рушди бахши инфиродӣ, беҳдошти сохтори маҳаллӣ, дастгирии сармоягузорон, густариши бахши сайёҳӣ ва косибӣ мебошад, шинос шуд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқоти байни Палатаи савдо ва саноати Суғд ва Ассотсиатсияи миллии «Ватан» — и тоҷикистониён ёддошти рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






