Боздиди гурӯҳи филмбардорони АМА аз Тоҷикистон
Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода як гурӯҳи филмбардоронро, ки аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Аҳтам Абдуллозода зимни мулоқот бо ҳайати меҳмонон, роҷеъ ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланду обҳои мусаффо ва мавзеъҳои таърихию диданӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ аллакай эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, аз гурӯҳи филмбардорон даъват шуд, ки тавассути хатсайри омодагардида аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, ба мисли Қалъаи Ҳисор, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, водии Зарафшон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чашмаҳои шифобахш дидан намоянд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои ошноии бештар бо фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, суруду мусиқиҳои классикию халқӣ гурӯҳи филмбардорон дар барномаҳои фарҳангӣ, ки дар Боғи Ирам доир мегарданд, иштирок варзанд.
Гурӯҳи филмбардорони АМА аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон барои онҳо хеле муҳим буда, мақсад аз сафарашонро шиносоии наздик бо фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва санъати тоҷикон арзёбӣ намуданд.
Филмбардорони араб ба бештар аз 77 давлати дунё сафар карда, роҷеъ ба соҳаи сайёҳӣ ва анъанаву фарҳанги миллии онҳо филмҳои гуногун таҳия кардаанд.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар доираи ин сафар гурӯҳи мазкур тасмим гирифт, ки роҷеъ ба фарҳангу тамаддун ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон филм омода намоянд. Филми мазкур дар шабакаи телевизионии “Акс Алӣ”-и Аморати Муттаҳидаи Араб, ки дар бештар аз 20 давлати дунё тамошобин дорад, пахш мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






