Дар Хуҷанд ба вохӯрии интихобии мусобиқоти Осиё — 2016 тайёрӣ мебинанд

Октябрь 29, 2015 05:44

Душанбе, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  Хуҷанд  тайёрӣ ба вохӯрии  интихобии  мусобиқоти  Осиё — 2016  оид ба  футзал  дар  Минтақаи  марказӣ,  ки  аз  14  то  16  ноябр  дар маҷмааи  варзишии «Қасри  варзиш» баргузор  мегардад, ҷараён дорад. Футзалбозони Тоҷикистон,  Қирғизистон,  Туркманистон ва  Афғонистон  барои пайдо  намудани  роҳхат  ба  мусобиқоти  қитъавӣ қувваозмоӣ  менамоянд. Дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон бори  нахуст  бо  роҳбарии  сармураббӣ Ҳусейн  Шодиев  14  ноябр  бо   дастаи  Афғонистон  вохӯрда,  15  ноябр  бо  варзишгарони  Туркманистон  қувваозмоӣ  менамояд. Шогирдони  Ҳусейн  Шодиев дар  даври  хотимавӣ  бо  дастаи  мунтахаби   Қирғизистон  вомехӯранд. 
Ёдовар  мешавем, ки  ба қисми  ниҳоии мусобиқоти  Осиё, ки  аз  10  21  феврали  соли оянда  дар   пойтахти  Ӯзбекистон   шаҳри  Тошкент  баргузор  мегардад,  фақат  ду даста  роҳхат  пайдо  мекунад.

Октябрь 29, 2015 05:44

Хабарҳои дигари ин бахш