ДИИШ 25 шаҳрванди Ироқро дар оташ сўзонд
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар). — Террористони ДИИШ 25 ироқиро бо ҷурми ҳамкорӣ бо неруҳои амниятии Ироқ дар оташ сӯзониданд.
Пойгоҳи хабарии «Алқудс-Аларабия» ба нақл аз манбаъҳои низомии Ироқ гузориш дод, ин нафарон дар наздикии дарёи Даҷла дар шимоли Мавсил ба қатл расиданд. Бар асоси ин гузориш, ДИИШ даҳҳо тан аз сокинони Мавсилро барои мушоҳидаи ин ҷиноят ва тарсонидани онҳо ба минтақаи мазкур интиқол додааст. Ин ҷиноят дар ҳоле сурат гирифт, ки террористҳои ДИИШ дар вилоятҳои Аланбор ва Салоҳуддин зери зарбаҳои сангин монданд ва бисёре аз минтақаҳои таҳти ихтиёр доштаи худро аз даст доданд. Дар ин росто хабаргузории «Ал-Иттиҷоҳ»-и Ироқ гузориш дод, танҳо дар ду минтақаи Бейҷӣ, воқеъ дар вилояти Киркук 638 тан аз гурӯҳи ДИИШ маҳв гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






