ДИИШ 25 шаҳрванди Ироқро дар оташ сўзонд

Октябрь 21, 2015 03:18

Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар). — Террористони ДИИШ 25 ироқиро бо ҷурми ҳамкорӣ бо неруҳои амниятии Ироқ дар оташ сӯзониданд.
 Пойгоҳи хабарии «Алқудс-Аларабия» ба нақл аз манбаъҳои низомии Ироқ гузориш дод, ин нафарон дар наздикии дарёи Даҷла дар шимоли Мавсил ба қатл расиданд. Бар асоси ин гузориш, ДИИШ даҳҳо тан аз сокинони Мавсилро барои мушоҳидаи ин ҷиноят ва тарсонидани онҳо ба минтақаи мазкур интиқол додааст. Ин ҷиноят дар ҳоле сурат гирифт, ки террористҳои ДИИШ дар вилоятҳои Аланбор  ва Салоҳуддин зери зарбаҳои сангин монданд ва бисёре аз минтақаҳои таҳти ихтиёр доштаи худро аз даст доданд. Дар ин росто хабаргузории «Ал-Иттиҷоҳ»-и Ироқ гузориш дод, танҳо дар ду минтақаи Бейҷӣ, воқеъ дар вилояти Киркук 638 тан аз гурӯҳи ДИИШ маҳв гардид.

Октябрь 21, 2015 03:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид