Дмитрий Медведев ба Душанбе меояд
Душанбе, 21.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 30 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, иштирок менамояд.
Рӯзномаи ҷаласа беш аз 30 масоилро фаро мегирад, ки қисми асосиашон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бахшида мешавад. Иштирокдорони ҷаласа перомуни густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, иҷтимоиёт, ҳифзи ҳуқуқ ва ёрии башардӯстона табодули афкор намуда, ҷараёни татбиқи нуктаҳои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 — ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Қабули нақшаҳо ҷиҳати татбиқи марҳалаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, ҳамчунин марҳалаҳои навбатии иҷрои Стратегияи ҳамкории ҷавонон ва Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои Иттиҳод дар назар аст.
Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 25 — солагии таъсиси ИДМ дар соли 2016 ба тасвиб расонида мешавад.
Аз рӯи натоиҷи ҷаласа ба имзо расонидани Созишнома дар бораи шартҳои ҳисоббаробаркунии байниоператорӣ ҳангоми хидматрасонии мухобираи байнидавлатии электронӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамчунин ворид намудани тағйирот ба баъзе шартномаю қарордодҳои байналмилалии ИДМ дар назар аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






