Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми маблағгузорӣ 68 баробар афзудааст»
Душанбе, 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»). — «Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, мо тӯли солҳои охир ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаем», — изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015.
Субҳи имрӯз дар Кохи Борбад бо иштироки соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, намояндагони ташкилоти бонуфузи байналмилалии молиявӣ, олимону коршиносон ва меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 оғоз гардид, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Сарвари давлат аз ҷумла таъкид кард, ки: Дар давоми ҳашт соли охир тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва рушди тамоми манотиқи кишвар таъмин гардид. Дар ин давра суръати рушди миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 фоиз расида, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 32 фоиз дар соли 2014 коҳиш дода шуд. Садҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, иншооти энергетикӣ ва фарҳангиву варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Зикр шуд, ки: Дар давоми солҳои 2000-2014 ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ аз 109 миллион сомонӣ то 7,4 миллиард сомонӣ ё 68 баробар ва шумораи корхонаҳои саноатӣ 1116 адад зиёд гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






