Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми маблағгузорӣ 68 баробар афзудааст»

Октябрь 14, 2015 04:15

Душанбе, 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»). —  «Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, мо тӯли солҳои охир ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаем», — изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015.
Субҳи имрӯз дар Кохи Борбад бо иштироки соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ, намояндагони ташкилоти бонуфузи байналмилалии молиявӣ, олимону коршиносон ва меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 оғоз гардид, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  идома дорад.
Сарвари давлат аз ҷумла таъкид кард, ки: Дар давоми ҳашт соли охир тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, тараққиёти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва рушди тамоми манотиқи кишвар таъмин гардид. Дар ин давра суръати рушди миёнасолонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 фоиз расида,  сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 53 фоизи соли 2007 то ба 32 фоиз дар соли 2014 коҳиш дода шуд. Садҳо муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, иншооти энергетикӣ ва фарҳангиву варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Зикр шуд, ки: Дар давоми солҳои 2000-2014 ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ аз 109 миллион сомонӣ то 7,4 миллиард сомонӣ ё 68 баробар ва шумораи корхонаҳои саноатӣ 1116 адад зиёд гардид.

 

Октябрь 14, 2015 04:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар