Г. Маҳкамова: Соҳибкорзан будан кори осон нест
Душанбе, 12.09.2015, (АМИТ «Ховар»).- «Соҳибкорзан будан дар ягон гушаи дунё осон нест, хоҳ он Амрико бошад, хоҳ Фаронса ва хоҳ Тоҷикистон, зеро пеш аз ҳама зан- ин нигоҳдорандаи чароғи хонадон, ғамхору тарбиятгари фарзандон буда, дар баробари ин ба соҳибкорӣ машғул мешавад»,- мегӯяд директори генералии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова.
Бино ба ақидаи Гулбаҳор имрӯз занони соҳибкор баробар бо мардон фаъолият карда, вазъи иқтисодии оилаашонро таъмин мекунанд. Соҳибкории хурду миёна ин як навъ фаъолиятест, ки имкон медиҳад, то занон вақти худро бо хости худ истифода намоянду ҳам ба кори хона машғул шаванд ва ҳам ба соҳибкорӣ.
«Аз ҳамин сабаб соҳаи соҳибкорӣ барои занон бисёр мувофиқ аст, барои ин фақат аз болои худ кор кардан, ба ин муҳит ворид шудан ва ҷасорат лозим асту тамом»,-мегӯяд мусоҳиб.
Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон қариб 20 сол аст, ки фаъолият дорад. Он дар соҳаи ҳунармандӣ таҷрибаи калон дошта, бо занони ҳунарманди Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. «Мо занҳои Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ба онҳо кумаки иттилоотӣ, касбию молиявӣ мерсонем. Бо занҳое, ки нақшаву нияти ба соҳибкорӣ машғул шудан доранд, мо курсҳои махсус гузаронида, аз ҷониби бонки «Имон интернейшнл» дастгирии молиявӣ расонида, фаъолияти онҳоро як сол назорат мекунем. Ташкилоти мо занони ҳунармандро дастгирӣ мекунад, мо на танҳо тарҳу сифати молҳои онҳоро беҳтар мекунем, инчунин барои баровардани молҳояшон ба хориҷи кишвар ва иштирок дар бозорҳои байналмилалӣ кумак мерасонем. Мо фермерзанонро низ дастгирӣ мекунем, бештари занҳоро мо ба соҳаи дӯзандагӣ ҷалб намудаем. Ташкилоти мо дар байни занон табодули таҷриба мегузаронад», -афзуд Г.Маҳкамова. Ба гуфтаи мусоҳиби мо ба наздикӣ ҳунармандони вилояти Хатлон ба вилояти Суғд сафар намуда, бо ҳунари дугонаҳояшон аз наздик ошноӣ пайдо намуда, аз онҳо таҷрибаи корӣ омӯхтанд. Ду моҳ пештар соҳибкорзанони Суғд дар Хатлон меҳмон шуданд. Чунин навъи мубодила имкон медиҳад, то соҳибкорзанон таҷрибаашонро ғанӣ гардонанд ва ҳамкориро байни соҳибкорзанони ҷумҳурӣ хубтар ба роҳ монанд.
Дар мавриди сифати маҳсулот Гулбаҳор баён дошт, ки бояд болои сифати маҳсулот кор кард. «Сифати маҳсулотро бояд беҳтар намоем. Сифат, ҳаҷм ва нархгузорӣ- се нишондиҳадаи асосиест, ки ба соҳибкорӣ таъсири бевосита мерсонанд. Мо ба занон беҳтар намудани сифати маҳсулот ва талаботи асосии харидоронро меомӯзонем. Масалан, агар маҳсулот барои баровардан ба хориҷа таъйин гашта бошад, ранг, тарзу услуб ва сифат ба назар гирифта мешавад. Мо ба занони соҳибкор тамоми ин нозукиҳоро меомӯзонем»,-илова намуд Г. Маҳкамова.
Хотиррасон мекунем, ки имсол дар доираи таҷлили нахустин солгарди «Рӯзи соҳибкор» баргузории «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015» ба нақша гирифта шудааст, ки он таҳти шиори «Саҳми соҳибкориву сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14-уми октябри соли равон баргузор мегардад. Барои иштирок дар Форуми байналмилалӣ соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва дигар шарикони иқтисодӣ даъват шудаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






