Хабари ҳарбиёни Ироқ дар бораи пайдо шудани ҷасади 365 ҷангиёни «ДИ»
Душанбе, 22.10.15. (АМИТ «Ховар»). Назар ба иттилои The Straits Times, намояндагони қувваҳои мусаллаҳи Ироқ дар бораи пайдо шудани 19 қабри шаҳидон дар шаҳри Байҷии шимоли кишвар ахборот доданд. Дар ин ҷо ҷасади 365 силоҳбадаст ба хок супурда шудааст.
Қисми асосии ҷасадҳо аз қабри шаҳидон пайдо гардида, аз ҳолати ба хок супурда шудани ҷангиён хабар дода намешавад.
19 октябр ҳарбиёни Ироқ шаҳри Байҷиро, ки таҳти назорати террористон қарор дошт, озод намуданд. Муҳорибаҳо барои озод намудани ин шаҳр 14 октябр оғоз ёфта буданд.Шаҳри Байҷӣ дар 150 километрии Мосул воқеъ аст, ки онро террористон моҳи июни соли 2014 ишғол карда буданд.
Хабар дода шуда буд, ки дар рӯзи аввали муҳориба барои ишғол намудани шаҳр яке аз роҳбарони «Давлати исломӣ» Абу Салмон ал Аскари кушта шуд. Назар ба маълумоти низомиёни Ироқ, дар ҷараёни муҳорибаҳо баъзе террористони «Давлати исломӣ» аз истеҳкомҳояшон ақибнишинӣ карда, онҳоро худи ҳамсафонашон нест намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






