Ифтитоҳи ду бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви ҷамоати шаҳраки Ҳисор
Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви ҷамоати шаҳраки Ҳисор бахшида ба 3000 – солагии Ҳисори шодмон як бинои баландошёнаи истиқоматии дорои 46 хонаро, ки аз ҷониби соҳибкор Бахтиёр Убайдуллоев бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тавре иттилоъ доданд, ин бино дар ҷойи собиқ матбааи ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бунёд шуда, дар ошёнаи якуми он матбааи нав, толори арусӣ ва маркази дилхушӣ барои кӯдакон ҷойгир шудааст. Ин иншоот дар масоҳати беш аз 4 ҳазор метри мураббаъ дар мӯҳлати 10 моҳ бо арзиши зиёда аз 7 миллион сомонӣ сохта шудааст. Пудратчии сохтмон ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Суҳайлӣ буда, лоиҳакаш ҷамъияти саҳҳомии кушодаи пажуҳишгоҳи лоиҳасозии конструктивию технологии Селтехпроект мебошад. Дохили ҳуҷраҳо низ ба таври замонавӣ таъмиру таҷдид карда шудаанд.
Ҳоло дар толори арӯсии бо номи Садаф барои гуларӯсон сару либоси милливу аврупоӣ, ки аз ҷониби тарроҳони тоҷик дӯхта шудаанд, гузошта шуда, бо ифтитоҳи ин иншоот сокинони ноҳия метавонанд аз он истифода намоянд. Сару либоси арӯсие, ки дар ин толори навтаъсис гузошта шудааст, аз ҷониби тарроҳон бо усулҳои хос дӯхта шудаанду хеле зебову назаррабо мебошанд. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми ин бинои баландошёна тавре зикр гардид, матбааи замонавӣ ҷойгир шудааст, ки бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз мебошад. Ҳоло дар ин ҷо 11 нафар ба кор ҷалб гардидааст. Матбаа дорои имконоти чопи китобу маҷалла, шиору овезаҳо ва умуман тамоми намуди хизматрасониҳои тарғиботӣ мебошад. Дар бинои навбунёд як маркази дилхушӣ барои кӯдакон бунёд карда шудааст, ки бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар шафати ин бино бошад, аз ҷониби соҳибкори дигар Илҳомҷон Назруллоев як бинои баландошёнаи истиқоматии 6-ошёна бо таҳхонаву болохона бунёд гардидааст, ки дорои 20 хона ва маркази хизматрасонӣ аст. Корҳои сохтмонии ин иншоотро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёдгар анҷом додаанд. Бинокорони ин корхона тавонистаанд дар муҳлати 9 моҳ ин биноро пурра сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Дохили хонаҳо низ таъмир карда шуда, имрӯз истиқоматкунандагони онҳо бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкорӣ дар хонаҳои барҳаво зиндагӣ мекунанд.
Тибқи иттилои масъулин дар корҳои сохтмонии ин бино беш аз ду миллион сомонӣ сарф шудааст. Ба ақидаи соҳибкорон ин туҳфаи хубе аст барои сокинони ноҳия бахшида ба 3000 – солагии Ҳисор.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






