Ифтитоҳи ду бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви ҷамоати шаҳраки Ҳисор

Октябрь 27, 2015 04:57

Душанбе, 27.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви ҷамоати шаҳраки Ҳисор бахшида ба 3000 – солагии Ҳисори шодмон  як бинои баландошёнаи истиқоматии дорои 46 хонаро, ки аз ҷониби соҳибкор Бахтиёр Убайдуллоев бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре иттилоъ доданд, ин бино дар ҷойи собиқ матбааи ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бунёд шуда, дар ошёнаи якуми он матбааи нав, толори арусӣ ва маркази дилхушӣ барои кӯдакон ҷойгир шудааст. Ин иншоот дар масоҳати беш аз 4 ҳазор метри мураббаъ дар мӯҳлати 10 моҳ бо арзиши зиёда аз 7 миллион сомонӣ сохта шудааст. Пудратчии сохтмон ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Суҳайлӣ буда, лоиҳакаш ҷамъияти саҳҳомии кушодаи пажуҳишгоҳи лоиҳасозии конструктивию технологии Селтехпроект мебошад. Дохили ҳуҷраҳо низ ба таври замонавӣ таъмиру таҷдид карда шудаанд.

Ҳоло дар толори арӯсии бо номи Садаф барои гуларӯсон сару либоси милливу аврупоӣ, ки аз ҷониби тарроҳони тоҷик дӯхта шудаанд, гузошта шуда, бо ифтитоҳи ин иншоот сокинони ноҳия метавонанд аз он истифода намоянд. Сару либоси арӯсие, ки дар ин толори навтаъсис гузошта шудааст, аз ҷониби тарроҳон бо усулҳои хос дӯхта шудаанду хеле зебову назаррабо мебошанд. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми ин бинои баландошёна тавре зикр гардид,  матбааи замонавӣ ҷойгир шудааст, ки бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз мебошад. Ҳоло дар ин ҷо 11 нафар ба кор ҷалб гардидааст. Матбаа дорои имконоти чопи китобу маҷалла, шиору овезаҳо ва умуман тамоми намуди хизматрасониҳои тарғиботӣ мебошад. Дар бинои навбунёд як маркази дилхушӣ барои кӯдакон бунёд карда шудааст, ки бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар шафати ин бино бошад, аз ҷониби соҳибкори дигар Илҳомҷон Назруллоев як бинои баландошёнаи истиқоматии 6-ошёна бо таҳхонаву болохона бунёд гардидааст, ки дорои 20 хона ва маркази хизматрасонӣ аст. Корҳои сохтмонии ин иншоотро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Бунёдгар анҷом додаанд. Бинокорони ин корхона тавонистаанд дар  муҳлати 9 моҳ  ин биноро пурра сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Дохили хонаҳо низ таъмир карда шуда, имрӯз истиқоматкунандагони онҳо бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкорӣ дар хонаҳои барҳаво зиндагӣ мекунанд.

 Тибқи иттилои масъулин дар корҳои сохтмонии ин бино беш аз ду миллион сомонӣ сарф шудааст. Ба ақидаи соҳибкорон ин туҳфаи хубе аст барои сокинони ноҳия бахшида ба 3000 – солагии Ҳисор.

 

Октябрь 27, 2015 04:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад