Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар доираи «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2015»
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар») .-Дар натиҷаи мулоқоти самаранок байни соҳибкорону сармоягузорон ва мақомоти давлатӣ як силсила санадҳои ҳамкорӣ дар доираи «Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2015» ба имзо расонида шуданд.
Аз ҷумла, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кластери кимиёвии Баварияи Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар самти омўзиш ва ташкили кластерҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар ин бахшҳо ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати NORINCO International Cooperation Ltd.-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқӣ ва хатти интиқоли барқ ба ноҳияи Данғара, сохтмони пойгоҳи обкашӣ ва соф намудани манбаи об дар шаҳри Душанбе, сохтмони МБГ дар ноҳияи Рашт бо иқтидори 2×350 МВт, истеҳсоли газ аз ангишт, бунёди роҳи оҳан ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди сармоягузории «HUI-JIN» Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба таъсиси корхонаи муштараки суғуртаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва бо Корпоратсияи Zhong Min Tou Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкили корхонаи муштараки лизингӣ дар Тоҷикистон ёддоштҳои тафоҳумро ба имзо расонданд.
Ёддоштҳои тафоҳумро бо Ширкати кўҳию саноатии Тоҷикистону Чин оид ба масъалаи бунёди корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ва бо Вазорати кишоварзии Тосканаи Италия оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия низ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо Гурӯҳи саноатии «Эрон Худрав»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҶДММ «Гурӯҳи тавсеаи иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон» оид ба фурӯш, хизматрасонии пас аз фурӯш ва истеҳсоли навъҳои мошинҳои сабукрав ва боркашонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Ҳамчунин КВД «Ҷамаст» бо Ширкати «CESA Investment»-и Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба бунёди корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва истеҳсоли маҳсулот аз он, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндагии Гурӯҳи ширкатҳои «Росгеоперспектива»-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омўзиши геологӣ ва мусоидати техникӣ ба мақомоти соҳавӣ, ҶДММ «Фароз» бо ширкати Ҷинекс-и Британияи Кабир оид ба ташкили Биржаи фондии байналмилалӣ, Маркази Тоҷикистону Русия бо Кубанский модулний дом ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол ва сохтмони хонаҳои модулӣ дар Тоҷикистон, ҶДММ «Панҷрӯд» бо Ширкати кўҳию саноатии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкорӣ дар самти коркарди сангҳои мармари Кони Панҷрӯд созишномаҳо ба имзо расониданд.
Лозим ба зикр аст, ки ба туфайли баимзорасии созишномаҳои дуҷониба ва ҳамкории судманд танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ наздик ба 400 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гашта, беш аз ҳафт ҳазор мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд, ки ин бори дигар аз беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт шаҳодат медиҳад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






