Ҷиргатол: Вохӯрии созанда бо ҷавонони фаъол
Ҷиргатол, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳҳои терористӣ корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Вобаста ба ин масъала дар ҷамоатҳои деҳоти Пилдон, Лахш, Муксу ва Сартало дар байни ҷавонон суҳбату вохӯриҳо ташкил шуданд, ки ба онҳо зиёда аз 200 ҷавон фаро гирифта шуданд. Соли ҷорӣ 6 ҷавони ноҳия дар семинарҳои омӯзишӣ оид ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ иштирок намуданд.
Масъулини ҳукумати ноҳия дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо оилаҳои ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






