Исфара: “Об — пайвандгари дӯстӣ”-фестивали муштарак

Октябрь 29, 2015 12:35

Исфара, 29.11.2015.  (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара 24 октябри соли равон фестивали дӯстии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии навоҳии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти унвони «Об- пайвандгари дӯстӣ» баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода  хабар дод,  дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳри Исфараву Ботканд, ҷомеаҳои сарҳадии ҷамоатҳои зерҳадафи лоиҳа, чун Лаккон, Кулканд, Чилгазӣ ва Навгилеми ш.Исфара ва деҳаи Қаробоғи ноҳияи Ботканд, хамчунин аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, аъзои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, кумитахои махаллии ду минтақа  ва мактаббачагони синфҳои болоии мактабҳои назди сарҳад иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, мақсади фестивали дӯстӣ- ин пеш аз ҳама  мустаҳкам намудани дӯстии ду халқ ва дар ин замина баланд бардоштани якдилии  сокинони маҳаллаҳову  деҳаҳои  наздисарҳадии Бодканду Исфара ва ҳамчунин мусоидат намудан дар беҳтар намудани таъмин ба истифодаи бехатарии захираҳои обӣ ва паҳн намудани руҳияи таҳаммулпазирӣ дар байни ҷамоатҳо, истифодабарандагони об, кумитаҳои маҳал, насли наврас ва ҷавонони минтақа мебошад. 
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани иқтидори ташкилоти маҳаллии дахлдор барои идораи самараноки захираҳои обӣ ва чарогоҳҳо»-и Барномаи ҷонибдории инкишофи иқтисодии манотиқи  кӯҳистони  Фонди Оғохон, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Исфара ва Ботканд бо дастгирӣ ва маблағгузории Вазорати рушди Британияи Кабир амалӣ гардонида мешавад, баргузор гардид.
Масъулини ду ҷониб дар фестивали дӯстӣ иброз доштанд, ки лоиҳаи «Беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани иқтидори ташкилоти маҳаллии дахлдор баҳри идораи самараноки захираҳои обӣ ва чарогоҳҳо»  дорои аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ буда, дар сурати пурра амалӣ шудани он, яъне таъмиру барқарорсозии  канали Чилгазӣ, на танҳо дастрасии истиқоматкунандагони минтақаҳои наздисарҳадӣ ба захираҳои обӣ  осон мегардад, инчунин  сатҳи обёрии беш аз 2650 гектар замини кишту боғоти мевадиҳанда беҳбудӣ ёфта, эҳтимолияти ба миён омадани низоъҳо аз барои об пурра аз байн меравад.
Раванди амалигашти чорабиниҳои дар лоиҳа пешбинишуда ва иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозии канали Чилгазӣ собит намуд, ки дар байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ҳар ду ҷониб дар самти ба таври муштарак ва самаранок идораву истифодаи захираҳои обӣ  аллакай ҳусни тафоҳум эҷод гардида, тоҷикону  қирғизҳои ин мавзеъ хостори ҳамзистии осоишта ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ҳастанд. 
Дар раванди баргузории фестивали мазкур  ғайр аз барномаи зебои консертӣ, ки  тараннумгари дӯстиву рафоқат ва рӯзгори осоишта буд, ҳамчунин намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзони Исфараву Ботканд  ва мусобиқоти  шавқовари варзишӣ, аз қабили вазнбардориву дастхобонӣ, бандкашиву волейбол байни дастаҳои навоҳии Исфараву Ботканд доир шуданд. 

 

Октябрь 29, 2015 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд