Конибодом: ифтитоҳи 6 коргоҳ аз оғози сол

Октябрь 31, 2015 05:15

Конибодом,  31.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом 6 коргоҳ ва сехҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.
Тавре ки масъулин аз шуъбаи иқтисодии мақомоти шаҳр иттилоъ доданд, коргоҳҳои мазкур асосан коргоҳҳои хурду миёна буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис ёфтаанд. Инҳо коргоҳи коркарди пахтаи «Доган», корхонаи дӯзандагии «Гулдаст», навбати аввали сехи коркарди шир, 2 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ ба ҳисоб рафта, бо ба истифодадиҳии онҳо дар умум 147 ҷойи кор ташкил шуд. 
Ҳамчунин дар давоми  9 моҳи сипаригаштаи соли равон аз тарафи соҳибкорони шаҳр 14 иншооти гуногун, аз ҷумла хонаи истиқоматии бисёрошёна, бинои маъмурӣ, маркази муоинаи назорати техникӣ ба истифода дода шуданд
Дар умум аз оғози соли ҷорӣ дар шаҳр зиёда аз 50 коргоҳи калону миёна ва хурду инфиродӣ фаъол гардиданд. 

Октябрь 31, 2015 05:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ