Корҳои сохтмонии пули мошингузари деҳаи Потов идома доранд
Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Корҳои ободонӣ ду сол боз дар пули мошингузари деҳаи Потови ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ идома доранд. Оғоз шудани пули мазкурро сокинон соли 2010-ум аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дархост карда буданд. Корҳои сохтмонӣ дар пули мошнгузар моҳи августи соли 2014-ум оғоз гардида, бо ҷудо шудани маблағ сохтмончиён тавонистанд пойдевори тарафи чапи пули мазкурро ба анҷом расонанд. Иловатан барои идома бахшидани вусъати кӯпруксозӣ соли 2015-ум боз 349 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардида, корҳои пулсозӣ дар тарафи чапи соҳил анҷом ёфтанд. Имрӯзҳо техникаи зарурӣ ба кандани зерпояи сутуни дуюми он машғул аст. Ба гуфти роҳсозон то имрӯз маблағҳои ҷудошуда пурра масраф гардидаанд. Тибқи лоиҳа барои ба истифода додани туҳфаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ин рустои ноҳияи Ванҷ бояд 5 миллион сомонӣ ҷудо гардад. Пулсозон то ба имрӯз аз маблағи пешбинишуда беш аз 812 ҳазор сомониро дар корҳои пулсозӣ харҷ кардаанд. Ҳоло бо кашонидани 720 метри кубӣ сангҳои калон атрофи пояҳои пӯли сохтамешударо мустаҳкам кардаанд.
Сохтмони пули мошингузар дар болои рӯди Ванҷоб бо иқтидори 10 тонна ва дарозии 75 метр марҳила ба марҳила идома дорад. Масъулияти пулсозиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафарӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ бар зимма дорад. То ба имрӯз бо истифода аз маблағҳои равонашуда, кормандон вусъати бунёдкориро дар кӯпрук идома мебахшанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






