Кумаки БРО барои беҳтар намудани низоми ТИК ва ТК дар Тоҷикистон
Душанбе, 1.10.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Масъалаҳое, ки бо оғози татбиқи лоиҳаи «Пурзўр намудани иштироки бахши хусусӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омўзиш» алоқаманд зимни вохӯрии муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода бо Директори шуъбаи идоракунии давлатӣ, бахши молия ва савдои Бонки Рушди Осиё хонум Бетти Вилкинсон 30 сентябр соли равон баррасӣ гардиданд.
Тарафҳо аз натиҷаҳои гуфтушуниди видеоӣ ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ, ки рӯзҳои 17-18 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид, изҳори қаноатманӣ карда, қадамҳои минбаъда дар маъқул донистани лоиҳаи мазкур аз ҷониби Шӯрои директорони БРО ва ратификатсияи он дар парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар доданд, хонум Бетти Вилкинсон изҳор намуд, ки БРО омодааст дар муҳлатҳои кўтоҳтарин инчунин имкониятҳои омода ва татбиқ намудани боз як лоиҳаи муштарак оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмин намудани шуғли муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, сертификатсиякунонии малакаи онҳо, ҷудо намудани қарзи имтиёзнок барояшон ҷиҳати ташкил намудани кори шахсӣ ё хонакорӣ равона шударо дида барояд.
Эмин Сангинзода ба хонум Бетти Вилкинсон ва ҳамроҳонаш аз номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода барои дастгирӣ ва ҳамкории судманд изҳорӣ миннатдорӣ намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






