Курсҳои «Духтарони сарвар» дар Кӯлоб ҷараён доранд
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ ҳоло аз ҷониби кумита курсҳои «Духтарони сарвар»дар шаҳри Кӯлоб ташкил шуда, зиёда аз як моҳ аст, ки идома доранд.
Барномаи давлатӣ дар бораи «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарону лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» нишонаи амиқи иродаи сиёсии роҳбарияти давлату Ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи тақвияти мавқеъ ва нақши занон дар кишвар мебошад.
Барномаи мазкур татбиқи чорабиниҳоро баҳри ҷорӣ намудани низоми мукаммали тайёркунии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, таъмини иштироки васеи занон дар фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаро гирифтани занону духтарони лаёқатманд ба воситаи озмун барои таҳсил, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар мактабҳои олӣ, донишкадаҳои такмили ихтисоси дохил ва хориҷи кишвар, инчунин таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки баробарии ҳуқуқии марду занро дар корҳои роҳбарӣ пурра таъмин менамояд, дар бар гирифтааст.
Бо мақсади татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои навбатии «Духтарони сарвар» ташкил шуданд. Ба ин курсҳо донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт бо тавсияи роҳбарияти ин муассисаҳо ҷалб гаштаанд. Курси мазкур дар давоми се моҳ идома ёфта, дар ҷараёни онҳо бо духтарон олимон ва сиёсатмадорони шинохта машғулиятҳо мегузаронанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






