Маҳфили ботантанаи варзишгарони тоҷик дар Маскав

Октябрь 30, 2015 06:07

Душанбе, 30.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Сафорати  Тоҷикистон  дар Федератсияи  Русия   бори  нахуст  маҳфили ботантана  таҳти  унвони «Варзиш — гарави  саломатии  миллат» — ро  баргузор  намуд, ки дар  он  варзишгарони  маъруфи   шӯравии аҳли  Тоҷикистон,  ҳамчунин  насли  ҷавони  варзишгарони тоҷик, ки  ҳоло  дар  Федератсияи  Русия  иқомат  доранд, иштирок намуданд. 
Дар  ҳошияи  маҳфил  китоби  ба қарибӣ  дар  шаҳри  Душанбе  интишоршудаи президенти Ассотсиатсияи журналистони  бахши  варзиши  Тоҷикистон  Нарзулло  Латифов  «Эмомалӣ  Раҳмон: Саломатии  миллат  сарвати  бебаҳост» муаррифӣ  карда шуд.
Сафири Тоҷикистон  дар  Русия  Имомуддин  Сатторов  зимни муаррифӣ  намудани  китоби  нав  изҳор  дошт, ки  дар  ин  маҷмӯа номаю  гуфторҳои Президенти  Тоҷикистон   зимни  мулоқоту  суҳбатҳояш  бо  сокинони ҳамаи  минтақаҳои  кишвар, ҷавонон,  варзишгарони  беҳтарин  ва  мураббиҳои бахши  варзиш,  роҳбарони   созмонҳои  байналмилалии   варзишӣ тайи  давраи  аз  соли  1997 то  2015   гирд  оварда  шудаанд. Дар  китоб  ҳамчунин  сухан  дар  бораи дастовардҳои  варзишгарони тоҷик  дар Бозиҳои олимпӣ,  мусобиқоти  ҷаҳон  ва  Осиё,  мусобиқаҳои байналмилалӣ,  бунёди иншоотҳои  варзишӣ тайи  солҳои Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон меравад.
И.Сатторов   хидматҳои Президент Эмомалӣ  Раҳмонро  дар  тарбияи  насли  наврас  дар  рӯҳи ватандӯстӣ ва  меҳру  муҳаббат  ба таърихи  халқи  худ,  кӯшиши  машғул  шудан  ба   варзиш,  омӯхтани  забонҳои  хориҷӣ  ва ба  даст  овардани  касбу  ҳунарҳои  муосир  ба таври  махсус  қайд  намуд.
И.Сатторов  суханони   зерини Президенти  Тоҷикистонро  иқтибос овард: «Варзиш, ки  яке  аз  омилҳои  муҳими  ташаккули  шахсияти  солими  узви  ҷомеа  ба  шумор  меравад,  дар ҳамаи  давру  замон  барои  инсоният аҳамияти ҳақиқатан  хоса дошт.  Варзиш  чун омили  муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва мубаллиғи  сулҳу  амният  ба таҳкими  саломатӣ  ва рушди ҳамаҷонибаи қобилияти  ҷисмонии инсон мусоидат  намуда,   ҳамзамон ҷузви  пайвасткунандаи  муносибатҳои  дӯстӣ,   ҳамраъӣ ва  дарки мутақобилаи  халқҳои  мухталифи  ҷаҳон  аст».
Дар  чорабинӣ ҳамватанонамон  аз  қабили қаиқрони   шӯравӣ  дар  каноэ, қаҳрамони олимпии   соли  1972,  қаҳрамони  8 — каратаи  ҷаҳон, Устоди   шоистаи  варзиши ИҶШС  Юрий  Лобанов,  қаҳрамони ҷаҳон  дар  солҳои  1977  ва  1983  дар  мусобиқоти  дастаҳо  аз  рӯи   шамшерзанӣ,  Устоди  шоистаи  варзиш Ҳусейн  Исмоилов,  футболбози  номӣ, Устоди  варзиши  ИҶШС  (соли  1987)  Олег  Ширинбеков, қаҳрамони   чандинкаратаи  ИҶШС — қаиқрон  Николай  Суровитский, дзюдочии тоҷик,  ҷоизи  медали  биринҷии  бозиҳои тобистонаи  олимпии  соли  2008  дар  Пекин,  ҷоизи  медали  биринҷии  мусобиқоти  ҷаҳони  соли  20007  дар  Рио — де — Жанейро, ғолиби  Ҷоми  ҷаҳон  дар  солҳои  2007,  2010, 2011 ва  2012,  қаҳрамони  Русия  дар  соли  2009,  Устоди шоистаи  варзиши Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Расул  Боқиев,  қаҳрамони  Русия аз  рӯи  кикбоксинг,  қаҳрамони  Аврупо аз  рӯи кикбоксинг  байни  варзишгарони  касбӣ,  қаҳрамони   дукаратаи   лигаи  КИТЭК, Устоди  варзиши сатҳи байналмилалӣ Хурсанд  Ҷамшедова  ва бисёр  дигарон   ширкат  доштанд. 
Собиқадорони  варзиш  зимни  суханрониашон  дар  ҳузури  ҳозирон солҳои дастовардҳои  варзишиашонро  ба  хотир  оварда, ҷавононро  даъват  намуданд, ки  ба  варзиш  машғул  шаванд. 
Дар  ҷараёни  маҳфил  филми  мустанади  «Варзиш дар  Тоҷикистон», ки   аз   дастовардҳои   варзишӣ  дар  Тоҷикистон  тайи  солҳои  истиқлолият   нақл  мекунад,  ба иштирокдорони  чорабинӣ   намоиш  дода шуд. Мазмуни  асосии  филм  тарғибу  интишори  тарзи   солими  зиндагӣ мебошад.  Ба туфайли истиқлолияти  давлатӣ ва ғамхории  доимии  Ҳукумат  бахши варзиши  кишвар  ҳар  чи  бештар  густариш  ёфт,  ки   дастовардҳои   варзишгарони тоҷик дар  арсаи  ҷаҳон  аз  ин  далолат  мекунанд.
Филм  ҳамчунин перомуни  бори  аввал дар  бозиҳои  олимпӣ соҳиби  мукофотҳои олӣ  гардидани  варзишгарони  Тоҷикистон қисса  мекунад.
Дар анҷоми  маҳфил ба  собиқадорони  варзиш  ва  варзишгарони  ҷавон  дар  вазъияти ботантана  мукофотҳо супурда шуданд.

Октябрь 30, 2015 06:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб