Маълумот дар бораи амалиёти зиддитеррористии артиши Сурия

Октябрь 7, 2015 04:21

Душанбе, 07.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Қувваҳои ҳарбии  хавоии  Сурия дар  деҳаҳои  Кобтан Ал — Ҷабал,  Дарат Азза, Ар — Рашидин, Ҳрейтан ва Башкои  музофоти  Алеппо 180  нафар  силоҳбадастони  гурӯҳҳои террористиро  нест  намуданд.
Қувваҳои ҳарбии  кайҳонии ФР якҷоя  бо  Қувваҳои  ҳарбии  ҳавоии Ҷумҳурии  Арабии Сурия дар минтақаи  Дайр — Ҳафир  ба  мавқеъҳои  «Давлати  исломӣ» пай  дар  пай  зарба  заданд, ки  дар  натиҷаи  ин маркази террористии  роҳбарони созмони  мазкур  нест  гардид.
Воҳидҳои  артиш дар  деҳаҳои Кафкиф,  Айн, Ал — Ҳанаш, Кверис, Ал — Ҷаберия, Ждейда, Арбит, Шарбаа ва дар канори  академияи ҳарбии  ҳавоӣ  ба мавқеъҳои террористони  ДИ зарба  зада,  якчанд  техникаи  ҳарбиро  нест  карданд. 
Дар шимоли  музофоти Латакия  бар  асари   зарбаҳои  ҳавопаймоҳои  Қувваҳои  ҳарбии  ҳавоии  Ҷумҳурии  Арабии  Сурия  12  нафар  силоҳбадастон  ба  ҳалокат расида, автомобили  дорои аслиҳаи  калони тирандоз  нест  карда шуд. 

 

Октябрь 7, 2015 04:21

Хабарҳои дигари ин бахш