Маорифчиёни Ҳамадонӣ ба зимистон омодагии пурра мегиранд

Октябрь 31, 2015 07:13

Ҳамадонӣ, 31.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони соҳаи маорифи ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ чун дигар ташкилоту корхонаҳо барои зимистонгузаронӣ омода гардидаанд.  Ба гуфти мудири шуъбаи маорифи ноҳия то имрӯз ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо ангишту ҳезум ва дигар намуди маводи сӯхт таъмин  шуда, шишабандии синфхонаҳо ва утоқҳои фаннӣ пурра ба охир расонида шудааст. Дар Гимназияи давлатии ноҳия 310 хонанда таълим мегирад ва барои бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистон тирезаҳои пешина бо тирезаҳои муосир иваз шудаанд. Хонандагону омӯзгорони литсеи давлатӣ низ дар фасли зимистон азият нахоҳанд кашид, зеро бинои муассиса навбунёд буда, бо низоми  гармидиҳии буғӣ таъмин мебошад. Дар анбори муассиса  миқдори зарурии ангишту ҳезум захира шудааст.  Абдулҳафиз Мисралиев — директори  литсеи давлатӣ гуфт, ки Муассисаи таълимии рақами 2-и ноҳия бо хатти тозаи барқ таъмин буда, барои ҳар як синфхона асбоби гармидиҳандаи барқӣ харид гардидаанд. Дар муассисаи мазкур шабакаи мустақили муосири гармидиҳанда сохта шудааст, ки  он дар ҳолати зарурӣ метавонад биноро бо гармӣ таъмин намояд. 

Октябрь 31, 2015 07:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ