Машварат оид ба зӯроварӣ дар оила
Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии САҲА дар Тоҷикистон дар осоишгоҳи «Сароб»-и ноҳияи Варзоб дар мавзӯи «Таҷрибаи самаранок оид ба эътинои нозирони милитсия ба зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварат оғоз гардид.
Дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони САҲА дар Тоҷикистон, Академияи ВКД ва дигар масъулон иштирок доранд.
Иштирокдорон зикр карданд, ки зӯроварӣ дар оила — кирдори зидди ҳуқуқии барқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодиест, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.
Бино бар ин тамоми ҷомеаи мутамаддин, аз ҷумла нозирони милитсия бояд ба чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, баръакс бар зидди поймол шудани ҳуқуқи зан ва зӯроварӣ нисбат ба онҳо эътино намоянд.
Дар ин самт аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва бо дастгирии САҲА дар Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешида шуда, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондиҳӣ-профилактикӣ гузаронида мешаванд.
Машварат дар мавзӯи «Таҷрибаи самаранок оид ба эътинои нозирони милитсия ба зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» се рӯз идома мекунад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






