Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Тошканд
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд медали нуқра ба даст овард. Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, 3 октябр дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд (Judo Grand-Prix Tashkent 2015) соҳиби медали нуқра гардид. Вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Темур Болат (Қазоқистон) ғолиб омад. Баъдан Патрик Сиечомскии лаҳистониро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Комроншоҳ дар нимфинал бар Шералӣ Ҷӯраев (Ӯзбекистон) пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Марк Одентҳал (Олмон) мағлуб гашт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар вазни зери 90 кило 26 гӯштингир қувваозмоӣ кард.
Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд, ки рӯзҳои 1-3 октябр баргузор шуд, ҳамагӣ 354 гӯштингир (199 мард ва 155 зан) аз 52 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) сурат гирифт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 гӯштингир намояндагӣ кард. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Авазхон Тӯймуродов (Ӯзбекистон), дар даврҳои мибаъда аз Евгений Бородавко(Латвия) ва Соиб Қурбонов (Ӯзбекистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.
Вале ҳафт паҳлавони дигари тоҷик Хаёмиддин Ҷабборов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Шӯҳратҷони Фархизода ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду 73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Аминҷон Ҷалолов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) — дар нахустин рақобати худ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Ҷопон бо касби 4 медали тилло ҷойи аввалро соҳибӣ кард. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 3 медали тилло ва як нуқра ҷои дувум ва тими мунтахаби Ӯзбекистон бо касби як медали тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ соҳиби мақоми севум шуданд.
Тоҷикистон бо касби як медали нуқра ва ҷойи ҳафтум дар байни 52 кишвар дар мақоми 15-ум қарор гирифт.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






