Мио Нюнт: Мақсади мо ба шахсиятҳои муҳими сиёсӣ табдил додани олимони тоҷик аст
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо ташаббуси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ва Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1»-и Иттиҳоди Аврупо конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ» баргузор гашт.
-Баргузории конфронси мазкур боиси тараққиёти бисёр соҳаҳо дар кишвар шуда метавонад,- иброз дошт Саъдихоҷа Маъдиев,- дотсенти кафедраи суғуртаи ДМИТ имрӯз, 22 октябр дар конфронси мазкур. Ба гуфтаи номбурда истеҳсолот, тақсимот, муомилот ва ташаккули истеъмоли неъматҳои моддӣ дар замони ҳозира аз нигоҳи муносибатҳо зиддиятҳоеро дар бар мегиранд, ки торафт шиддатгирии онҳо афзуда, зарурати омӯзиш ва тадқиқоти махсусро ба миён меоранд: «Ҳадафи асосии ин конфронс аз он бармеояд, ки дар заминаи таҷриба ва тадқиқоти гузаронидаи мутахассисони ДМИТ дар ҳамоҳангӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ҳамин гуна масъалаҳое баррасӣ мегарданд, ки бо назардошти истифода бурдани техника ва технологияи нав қадам ба сӯи моделсозии ҳамин ҷараёнҳо мебошад»,-афзуд номбурда.
«Мақсади асосии мо ба шахсияти муҳими сиёсӣ табдил додани он олимону муҳаққиқонест, ки дар оянда бо мо ҳамкорӣ мекунанд, то ки онҳо тавонанд барои омода кардани сиёсатмадорон дар кишвар мусоидат кунанд»,-гуфт Мио Нюнт,-роҳбари Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1»-и Иттиҳоди Аврупо, зимни муаррифии Лоиҳаи мазкур. Мио Нюнт иттилоъ дод, ки бо мақсади такмили корҳои таҳқиқотии олимону муҳаққиқони ДМИТ онҳо дар назди донишкада 2 марказ: яке маркази тадқиқотӣ ва дигар маркази омӯзишӣ таъсис додаанд, ки ба воситаи онҳо натиҷаи корҳои илмиву амалии олимон барои устодони факултетҳои ин донишкада дода шуда, ин як воситаи додани дониш миёни устодон мегардад.
Дар ҳамин ҳол Сергей Дробишевский-директор оид ба корҳои илмии Донишкадаи сиёсати иқтисодии Федератсияи Русия гуфт: «Иштирок дар чунин конфронс имконияти хуб барои табодули таҷриба буда, муносибатҳои илмиро қавӣ мекунад ва барои амалишавии барномаҳои муштараки илмии Тоҷикистону Русия мусоидат мекунад». Номбурда гуфт, гарчанде Лоиҳаи «Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1»-и Иттиҳоди Аврупо майдони хуб барои таъсиси маркази нави тадқиқотӣ ва омодакунии мутахассисони сатҳи олӣ мебошад, аммо бо вуҷуди ин дар ин самт бояд ҳамкорӣ бештар шаванд: «Ман фикр мекунам, ки танҳо бо ин лоиҳа маҳдуд шудан кифоя набуда, балки зарур аст, ки бо якчанд маркази дигари тадқиқотӣ рақобати илмӣ вуҷуд дошта бошад, ҳамчунин бо корҳои илмии дигарон ошноӣ пайдо намуда, онҳоро танқид намоянд ва ҳамроҳ роҳи ҳалли масъаларо ёбанд, танҳо дар ҳамин ҳолат ин марказ метавонад мақоми илмии ҷумҳуриявиро дошта бошад»,-гуфт Сергей Дробишевский.
Ёдовар мешавем, ки яке аз ҳадафҳои баргузории конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Аз сиёсат ба таҷрибаи таҳқиқии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар замони муосири иттилоотӣ»-ин муаррифии тадқиқоти илмии олимон ва муҳаққиқон ҳамчун натиҷаи пурсамари ҳамкории бисёртарафаи байни ДМИТ ва Лоиҳаи аз тарафи намояндагии Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда дар самти идораи молияи давлатӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ аст. Дар назар аст кори конфронс пагоҳ, 23 октябр низ идома ёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






