Муҳоҷири тоҷик аз Олмон: «Қабл аз мусулмону яҳудию насронӣ будан, инсон бояд буд»
Душанбе, 02.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Имрӯзҳо агар ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ назар кунем, мебинем, ки дар ҳар куҷо кишвари исломист ва ё аҳолияш мусулмон аст, он ба мушкилӣ дучор аст. Ҳодисаҳои солҳои охир дар кишварҳои Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои арабӣ рухдода мо, мусулмононро дар назди намояндагони динҳои дигар шармандаву беобрӯ ва зери бори таънаву маломат ва масхара қарор додааст, чунки баъзе нафарони нохалафу ифротӣ зери номи поки ислом баромад намуда, ин дини мубинро ба ҷаҳониён ҳамчун як дини қатлу куштор, сарбуриву мардумозорӣ, ғоратгариву даҳшатафканӣ муаррифӣ намудаанд. Дар тамоми дунё дигар зери номи “фидоӣ” танҳо намояндагони ин дини муқаддасро мешиносанд. Бубинед, имрӯзҳо мардуми мусулмон дигар аз дасти “Хилофати исломии муқаддас” ҷойи гурез мекобанд. Гурезаҳои кишварҳои мусулмонӣ дар кишварҳои аҳолиаш ғайримусулмон паноҳ меҷӯянд, на дар давлатҳои пешрафтаи исломӣ. чунки онҳо хуб медонанд, ки на аз ҳар як мусулмон раҳму шафқат, меҳрабониву дастгириро метавон интизор шуд.
Акнун худ қазоват кунед, ки чӣ чизеро мо ҳамчун мусалмон ба дигарон пешниҳод кардаем. Вале биёед онро муқоиса намоем бо мафҳумҳое, ки ҳатто ҳар як мусулмон зимни харидорӣ намудани маҳсулоти саноатӣ, техникӣ, автомобилӣ ва ё чизи дигар ҳатман аҳамият медиҳад, ки он бояд “Made in Germany”, “Made in Japan”, “Made in China”,”Made in Korea” бошад. Ин “бренд”-ҳоеанд, ки ҳам барои боло бурдани обрӯи кишвар, ҳам иқтисодиёти он, ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ин кишварҳо ва ҳам барои пешрафти аҳли башар фаъолият мекунанд. Ин рӯйхатро метавон идома дод, аммо миёни он кишвари исломӣ ё аҳолиаш мусулмон ниҳоят кам аст. Бинобар ин бародарони гиромӣ, айби худи мо мусулмонон моро ба чунин вазъ расонидааст, ки мусулмон буданро на дар дилу ботин, на дар қавӣ будани имон, балки дар намуди зоҳирӣ — дар ришу сатру ҳиҷоб мебинем. Мо мусулмониро ҳатман дар аъзои ҲНИТ ва ё ягон ҳаракатҳои террористиву экстремистии болозикр медонем. Аммо исломи пок ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои дар боло зикргардида ниёз надорад. Ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо зери ливои “дифоъ аз дини ислом” бунёд ёфтаанд, ки куллан хатост, зеро Парвардигор бе ниёз аст ва ба кумаки чунин бандагоне, ки «Ал- Қоида»-ву «Толибон»-у «ДИИШ-ро созмон додаву гӯё дини мубини исломро ҳифз мекунанд, эҳтиёҷе надорад.
Аз тарафи дигар кӯшиши ба Аврупо ва ба хусус ба Олмон паноҳ бурдани гурезагони кишварҳои мусулмонӣ бояд олами Ислом ва мусулмононро каме ба фикр кардан водор намояд. Яъне, ин амал бори дигар исбот намуд, ки қабл аз мусулмону яҳудиву насронӣ будан аввал инсон бояд буд, чунки маҳз бовар ба рафтори инсонии мардуми Аврупо ва пешрафту тараққиёти он гурезаҳои суриягиву ироқиро ба он ҷо бурд.
Ҷаҳони ислом дар асл ин эътимод, эҳтиром, меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, фурӯтаниву башардӯстӣ аст. Аммо бубинед ки мо чӣ кор карда истодаем, он чизеро ки дар сухан ҳадс мезанем, дар амал нест, вуҷуд надорад.
Фитрат Амонов, муҳоҷири меҳнатӣ дар ш. Берлини Олмон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






