Муколамаи мунтазам байни давлат роҳи муҳими ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон аст

Октябрь 10, 2015 06:45

Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Яке аз роҳҳои муҳими ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон- ин ба роҳ мондани муколамаи мунтазам байни давлат ва бахши хусусӣ мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани  шароити  мусоид  барои  ба  роҳ  мондани  фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» қабул гардид, ки тибқи он дар самтҳои соддагардонии бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, низоми андозбандӣ, иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ, ташаккули ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, ислоҳоти амалиёти лизингӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар бахшҳои муҳими рушди соҳибкорӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуданд ва ин тадбирҳо идома доранд. 
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ,  дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда, татбиқи босамари қонунҳо дар самти беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ҳарсола шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба таври назаррас меафзояд. Танҳо дар соли 2014 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 285 ҳазору 284 адад расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 (263 598 адад) 8,2% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон ҳиссаи бахши хусусӣ дар Маҷмўи Маҳсулоти Дохилии кишвар зиёда аз 70%-ро ташкил дода, бахши хусусӣ зиёда аз 64,5%-и шуғли аҳолиро дар Тоҷикистон таъмин менамояд. 
Инчунин дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлат 70 миллион сомонӣ барои дастгирии фаъолияти истеҳсолии соҳибкорон ба фонди мазкур ҷудо гашта,  дар ҳафт соли минбаъда маблағи он ба 1 миллиард сомонӣ расонида мешавад.

:

 

Октябрь 10, 2015 06:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд