Мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатие, ки азми сафар ба хориҷа доранд
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Муассисаи давлатии навтаъсиси «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатиро бо як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафар ба хориҷаро доранд. баргузор намуд. Дар он муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муқим Ниёзов ва директори маркази номбурда Суҳроб Тошев иштирок ва сухан карданд.
Муқим Ниёзов дар бораи гирифтани патент дар Федератсияи Русия суҳбат намуда, ба шаҳрвандон маслиҳат дод, то пеш аз сафар ба Хадамоти муҳоҷират ва Маркази машваратӣ муроҷиат намуда, ҳангоми сафари корӣ ҳатман патент бояд гирифт. Муқим Ниёзов таъкид дошт, ки пеш аз гирифтани патент ҳар як муҳоҷир бояд маълумотномаи тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Федератсияи Русия тасдиқкунандаро дошта бошад. Бояд қайд намуд, ки мақомоти ҳудудии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза бояд ба шаҳрвандони хориҷӣ патент диҳанд. Муҳлати умумии амали патент бо назардошти тамдид бояд дар муддати се сол пай дар пай давом дода шавад. Бояд фаромӯш накард, ки муҳлати амали патент тамдидгардида хисоб мегардад, агар андоз барои гирифтани патент пардохт гашта бошад. Дар дигар ҳолатҳо муҳлати амали патент аз рӯзи охирини пардохти андоз барои гирифтани патент қать мегардад.
Директори муассисаи давлатии Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе Суҳроб Тошев дар бораи фаъолияти марказ нақл кард. Бино ба гуфтаи С.Тошев ҳадаф аз ташкили ин маркази машваратӣ омода намудани шаҳрвандоне, ки ба кишвари Федератсияи Русия ва дигар давлатҳо барои кор равонаанд, мебошад.
Чанде пеш дар асоси Ёддошти тафоҳум (Меморандум)-и байни мақомоти иҷроияи Ҳокимияти шаҳр Душанбе ва Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз 7 ноябри соли 2014 аз ҷониби ширкати ваколатдори Ҳукумати Санкт-Петербург ҶДММ МБТ-сервис-и ш. Санкт-Петербурги ФР бо Муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе шартнома оид ба ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии минтақаи Кӯлоб барои кор дар корхонаҳои шаҳри Санкт-Петербург баста шуд. Зимни вохӯриҳо бо аҳолии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ маълумот оид ба навоварӣ дар қонунгузории Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷират ва оид ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази машваратии бокортаъминкунӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ва дар шаҳри Кӯлоб маълумот дода шуд. Дар айни замон ба маркази мазкур зиёда аз 200 сокини минтақаи Кӯлоб муроҷиат намуда, хоҳиши бурдани фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Санкт-Петербургро намудаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






