Муроҷиатномаи донишҷӯёни суғдӣ ба М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш
Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вобаста ба воқеаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ ва вокунишҳо ба он чорабинӣ доир гардид.
Аҳрорхон Хоҷаев, раиси созмони ҷавонони вилояти Суғд нишастро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки ҳадаф аз сарҷамъ намудани ҷавонони донишомӯзи вилоят муайян намудани мавқеъ ва афкори онҳо вобаста ба вокунишҳое, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи душманони миллат эҷод ва паҳн мегарданд, мебошад.
Маъмур Юсуфов — сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки ҳаводиси дар моҳҳои охир рухдода ҷомеаи бисёрҳазорнафараи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро бетараф гузошта наметавонад ва устодону донишҷӯён мавқеъ ва мароми хешро аз тариқи расонаҳои хабарӣ борҳо изҳор доштанд ва минбаъд низ баён месозанд. Аз нигоҳи мантиқ ва ақли солим даст задан ба чунин кирдори ҷинояткорона хилофи ҳама гуна пиндори нек ва хиради азалии инсонӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили дарк ва бахшиш нест, зеро амале, ки ба халалдор намудани фазои ҳамзистии осоиштаи аҳли ҷомеа нигаронида шудаву пайомади он ба ҷуз ҳалокати одамони бегуноҳ чизи дигар нест, танҳо аз ҷониби афроди ғаразпеша, бадният ва моҷароҷӯву даҳшатафкан содир мешавад. Дар ҳолате, ки А. Назарзода — собиқ размандаи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик худ талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро пазируфта, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда буд ва солҳои зиёд дар вазифаҳои масъул дар Вазорати мудофиаи кишвар фаъолият дошт, бо вуҷуди ин ба чунин иқдоми ноҷавонмардона даст зад, ки чеҳраи воқеии ӯро ошкор сохт.
М. Юсуфов гуфт, ки аз расонаҳои иттилотӣ огоҳӣ ёфтем, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро аз Туркия «рондаанд» ва ӯ имрӯз дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ мебарад. Номбурда бо баромадҳои бӯҳтонолуди хеш ҷомеаи Тоҷикистонро, ки худ он ҷо таваллуд шудааст, сиёҳ карда истодааст. Чунин аъмоли зишт, ки ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналхалқӣ латма ворид месозад, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби қишри солимақли башарият маҳкум хоҳад гардид, зеро инсоният дар тӯли мавҷудияти худ ҳама гуна нофаҳмиву ихтилоф ва мушкилоту муаммои замонро бо такя ба усули мусолиҳа, бо нигоҳ доштани фазои амнияту субот ҳал намудааст. Роҳҳои мусаллаҳона ва ҷинояткоронаи расидан ба мақсад ба нокомӣ анҷом пазируфта, афроде, ки чунин роҳи пурхатарро пеш мегиранд, дар ниҳояти кор қурбони дассисаи оғозкардаи худ мегарданд.
Сипас, Муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Суғд қироат шуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Мо ҷавонони бисёрҳазорнафараи вилояти Суғд мулоқоти собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро, ки ҳафтаи гузашта бо мақсади кишварро сиёҳ намудану эҷод кардани дасисаҳо дар назди ташкилоту созмонҳои хориҷӣ баргузор гардид, маҳкум менамоем. Тайи чанд соли охир фаъолияти ҲНИТ характери экстремистӣ пайдо карда, робитаҳое пинҳонӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопокашон бо собиқ аъзои ҳизб, ки дар пояҳои баланди мақомоти давлатӣ адои вазифа менамуданд. барқарор намуда, бо маслиҳати хоҷагони хориҷиашон дар роҳандозӣ кардани ҳадафҳои гурӯҳиву фирқавиашон садоқати фарзандии хешро нисбат ба ватанашон фаромӯш намуда, ҳаракат карданд, ки то андозае истиқрору оромиро дар Тоҷикистон вайрон кунанд ва мардуми осудаву ба ояндаи Тоҷикистон бовардоштаро ба таҳлука андозанд».
Ҷавонон дар муроҷиатномаашон аз давлатҳои Аврупо талаб кардаанд, ки ба кишварашон Муҳиддин Кабирӣ барин кӯрнамакон, носипосон ва хоинони миллатро роҳ надиҳанд.
Ҷавонони суғдӣ нигоштаанд, ки: «Таърихи халқи тоҷик фарзандони қаҳрамонаш ба монанди Шераки қаҳрамон, Спитамони диловар, Темурмалики ҷасур ва даҳҳо родмардони дигарро фаромӯш накардааст ва ҳеҷ вақт номи онҳо фаромӯш нахоҳад шуд. Исми ин родмардон ба сифати парчамбардорону алоқамандони ҷасури Ватан дар ниҳоди мо ҳамеша зинда аст. Мо имрӯз аз ваҳдату ягонагӣ, истиқлолият фахр мекунем ва намегузорем, ки ба он ҳар нокас осеб расонад.
Мо, ҷавонони сарбаланди вилояти Суғд бо баёни нафрат ба ҳамин гуна шахсиятҳое, ки ҳадафашон тафриқа андохтан дар миёни мардуми Тоҷикистони воҳид аст, ба ҷавонони ҳушёру бедори миллат муроҷиат намуда, гуфтанием, ки бо ахлоқи намунавӣ ва дониши ҷавобгӯ ба талаботи замон, инчунин донистани ҳадафҳои хиёнаткоронаи бегонагон нагузоранд, ки ба рӯҳияи поки Ватан, ки номаш Тоҷикистони азиз аст, газанд расад».
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати ДДХ