Н. Убайдуллоев: Суханронии Президент дар Ню- Йорк аз баромадҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошт

Октябрь 6, 2015 03:18

Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар кард. Зимни сафар дар шаҳри Ню-Йорк Президенти  кишвар дар ҷаласаҳои сатҳи олии СММ иштирок ва суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба мушкилоти муҳими ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ҷалб намуд.  Ба гуфтаи  Насрулло Убайдуллоев-мудири кафедраи таърихи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, гарчанде Президент дар чунин ҷаласаҳои СММ пайваста иштирок мекунад, аммо ин иштирок ва суханрониҳо бо баъзе хусусиятҳояш аз маърӯзаҳои  қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунанд.

Насрулло Убайдуллоев-номзади илмҳои таърих дар робита ба суханрониҳои навбатии Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки дар ибтидои суханронии худ  дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва нақши СММ-ро дар танзими сулҳу суботи ҷаҳон, пешравӣ ва ҳалли масоили умда ва рӯзмаррае, ки имрӯз дар ҷаҳон зиёданд, хеле муҳим ва назаррас арзёбӣ намуд. Номбурда гуфт, чунин суханони Президент роҷеъ ба СММ  шаҳодати  нақши калидӣ доштани онро дар таъмини амнияти кишвар дар ибтидои давраи истиқлолият ва сулҳу суботу истиқрору ваҳдате, ки дар ҷумҳурӣ ба миён омада буданд, мушаххас ва муайян намуд:   «Хусусияти фарқкунандаи дигари суханронии Ҷаноби Олӣ дар он аст, ки аз мадди назари Президенти кишвар тамоми масъалаҳои мубраме, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ вуҷуд доранд, берун намонданд. Пеш аз ҳама, ин мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ, ки аз хатарҳои бузурги ҷаҳониянд ва мубориза ба муқобили маводи мухаддир ва таклифу пешниҳодҳо доир ба ҳалли масоили гармшавии иқлим ва масоили дигаре, ки Президент ба миён гузоштанд, ин масъалаи Афғонистон, ки дар ҳамсоягии мост ва оромию осудагии минтақаи Осиёи Марказӣ аз вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад. Аммо масъалаи асосӣ оби нӯшокӣ аст ва дар бисёр ҷумҳуриҳо, ки ҳатто оби нӯшокии зиёд доранд, чунин мушкилот ҷой доранд. Махсусан суханронии  президент дар масоили об, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ки имрӯз тамоми ҷаҳон бо он мубориза мебаранд, дар миёни роҳбарони  дигар давлатҳо дастгирӣ ёфт»,-афзуд Насрулло Убайдуллоев.
         
Зимни суханронии худ оид ба масъалаи тағйирёбии иқлими кураи замин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  таъкид  намуд, ки дар муддати 50-60 соли охир ҳатто дар Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор мебошад, 1 дараҷа селсия гармшавии иқлим ба қайд гирифта шуд ва он ҳаводисе, ки дар минтақаҳои баландкӯҳ дар намуди обхезиҳо ба амал омаданд, обшавии пиряхҳои бузург, боришоти зиёд  маҳз нишонаи тағйирёбии иқлим аст. Насрулло Убайдуллоев-мудири кафедраи таърихи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ иброз дошт, ки барои таъмини оби нӯшокӣ бештар аз пиряхҳо истифода  бурда мешавад, ки ин дар навбати худ манбаи бемориҳои зиёд мебошад, зеро,- гуфт номбурда,- бемориҳое, ки миллион солҳо дар яхчолҳо маҳфуз буданд, имрӯз боло мезананд.
        
«Кам шудани пиряхҳо ё оби нӯшокӣ  ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон- ин аз даст додани оби тозаи истеъмолӣ мебошад ва ин хатари ҷиддӣ аст. Дар заминаи ин пешниҳоди ҷамъбасти 10- солаи об- солҳои 2005-2015  нишон дод, ки он ташаббусе, ки Роҳбари давлат барои таъминоти оби нӯшокӣ эълон дошт, саривақтӣ буда, аз мушкилоти ҷаҳони имрӯза ба шумор меравад. Дар заминаи ин аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуд, ки бо ҷонибдории СММ боз Даҳсолаи дуюми оби тоза эълон  шавад. 
        
Дар суханронии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар Маҷмаи умумии СММ ишора ба ин низ буд, ки Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо аз ҷиҳати ифлос кардани табиат ё ҳаво ва дар маҷмӯъ аз ҷиҳати тозагӣ  ҷойи намоёнро ишғол мекунад,- афзуд Насрулло Убайдуллоев, номзади илмҳои таърих. 
Ба гуфтаи номбурда, чунин нишондиҳанда бояд ба инобат гирифта шавад, зеро дар баробари мушкилоти оби нӯшокӣ ва терроризм ин ҳам аз мушкилоти калонтарини ҷаҳонӣ аст. Давлатҳои абарқудрати саноатие ҳастанд, ки аз барномаҳои байналмилалии  нигоҳ  доштани ҳифзи муҳити зист ва ё аз барномаҳои экологӣ даст мекашанд, чун онҳо соҳиби корхонаҳои бузурги саноатӣ ҳастанд, аммо онҳо  аз давлатҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар ифлос кунии муҳити  зист ва фазо ҷойи намоёнро ишғол мекунанд, таъкид намуд Насрулло Убайдуллоев:  «Ин проблема дар назди ҷомеаи инсонӣ  бояд  ҳалли худро пайдо кунад ва ҳалли ин мушкилӣ дар танҳоӣ ба амал намеояд. Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон низ  ҳамин аст, ки мо хоҳ давлати  пешрафта, хоҳ давлати саноатӣ ва  хоҳ давлати абарқудрати ҷаҳонӣ бошем, дар умум ҳама давлатҳои дунё барои ҳалли ин мушкилӣ  дастаҷамъона бояд ҳаракат кунем. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат хеле фаъол аст. Махсусан бо нишондиҳандаи гази карбонат дар суханронии  Президент зикр шудааст ,ки Тоҷикистон ҷойи 135-умро ишғол мекунад ва агар бар сари ҳар як  фард рақами  партовро гузорем, Тоҷикистон яке аз давлатҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки яке аз манбаъҳои ифлоскунии  ҳаво партофтани  партовҳои  нолозим ва чангу дуд аз муассисаҳои калони саноатӣ,  махсусан неругоҳҳои бузурги барқистеҳсолкунанда ё неругоҳҳои гармидиҳандаи ҳароратӣ мебошанд. Аммо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ё имконияти сохтмони неругоҳҳои бузурге хастанд, ки дар ифлос кардани табиат ё партофтани гази карбонат  ягон хел мушилӣ ворид намекунанд».
         
Насрулло Убайдуллоев-номзади илмҳои таърих оид ба ташаббусҳо ва суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки иштироки Президент дар СММ ва суханронӣ дар форумҳои байналмиллалӣ шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон яке аз он давлатҳое мебошад, ки  дар ҳамаи форумҳои ҷаҳонӣ фаъолона ширкат намуда, дар сиёсати байналмиллалӣ нақши муҳим дорад. Ба гуфтаи номбурда чунин мавқеи Тоҷикистон на танҳо барои ҳалли мушкилоте, ки дар дохили мамлакат ҷойгиранд, балки барои ҳалли  мушкилоти ҷаҳонӣ фаъолона мусоидат намуда, тамоми имконияту шароите. ки ҷумҳурӣ дорад, истифода мекунанд: «Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон пас аз  кашмакашиҳои  сиёсии  таҳмилшуда  дар як муддати кӯтоҳ тавонист аз ин варта раҳоӣ ёбад ва ба яке аз давлатҳои мустақил ва фаъоли СММ мубаддал гардад. Агар аз нуқтаи  назари  таърихӣ  таҳлил кунем, он пешрафту дастовардҳое, ки ҷумҳурии мо дар ин муддат ба даст овард, дар таърих ба давлатҳои дигар  кам муяссар  мегардад. Мо даҳсоларо дар як сол ё садсоларо дар даҳ сол  бо ҳамин суръат тай кардем. Дар ибтидои истиқлолияти Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ на он қадар бузург аст,  имконияти рафтан аз як минтақа  ба минтақаҳои дигари кишвар вуҷуд надошт, аммо ҳоло бубинед, ки бо сохтани роҳҳои хуб тамоми минтақаҳои кишвар бо ҳам пайваст шудаанд. Ин дастоварди хеле муҳим аст»,-иброз дошт Насрулло Убайдуллоев-мудири кафедраи таърихи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.
       
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ  аз кишварҳои  ташаббускор ба ҳисоб рафта, дар ин самт  ба СММ пешниҳодҳои зиёди созанда ва   ҳалкунандаро ироа намудааст, ки онҳо дар навбати худ аз ҷониби кишварҳои  зиёди ҷаҳон дастгирии ҳамаҷониба ёфта, мавриди амал қарор доранд.
     

Октябрь 6, 2015 03:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид