Нақшаи «Биёед ба китобхона меравем» тасдиқ гардид
Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре Ҷалолиддин Нуров сардори шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳани Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар дод, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода нақшаи семоҳаи чоруми шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии китобхонаи мазкурро зери унвони «Биёед ба китобхона меравем» тасдиқ намуд.
Дар доираи нақша барои ҷалби бештари донишҷўён ба китобхона вохӯрии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода бо донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, барои омўхтани таҷрибаи пирони рўзгордида ва рўҳбаланд намудани онҳо аёдати собиқадорони соҳаи китобдорӣ ва фарҳангу ҳунар ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи мазкур намоиши васеи китобӣ бахшида ба Рўзи Парчам зери унвони «Тоҷикистон — хонаи умеди ман» ва конфронси илмӣ- оммавӣ бахшида ба рўзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Сарқонун- бақои миллат» баргузор мешавад.
Дар доираи нақшаи номбурда барои тақвияти дониши сиёсию фарҳангии наврасону ҷавонон ва дарёфти ҷавонони лаёқатманд чорабини сиёсӣ зери унвони «Табодули афкор» ба роҳ монда шудааст, ки зимни он ҳар моҳ вохўрии наврасону ҷавонон бо сиёсатмадорони варзидаи кишвар баргузор мешавад.
Чорабинии фарҳангии озмуни «Дастони моҳир» бахшида ба соли оила ва фарҳанги либоспўшии ҷавонон зери унвони «Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим» ва мулоқоти наврасону ҷавонон бо шоири ватансаро Муҳаммад Ғоиб аз қабили чорабиниҳои нақшавианд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






