Нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз 8 то 10 октябр ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Нақши судҳои конститутсионӣ дар таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва хатарҳои муосир», ки дар шаҳри Ереван ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон, 20-солагии таъсиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон ва 20-солагии конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав доир гардид, сафари кори раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ва судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода ба Ҷумҳурии Арманистон доир гардид.
Дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ инчунин намояндагони мақомоти назорати конститутсионии зиёда аз бист кишвари ҷаҳон, аз қабили Русия, ҷумҳуриҳои Алҷазоир, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Латвия, Литва, Македония, Миср, Молдова, Муғулистон, Полша, Сербия, Қазоқистон, Қирғизистон, Хорватия, Чехия, Таиланд, Шоҳигарии Белгия ва дигар давлатҳо, Президенти Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Арманистон иштирок намуда, сухан гуфтанд.
Дар конфронс мавзӯҳои марбут ба ҷанбаҳои назариявию амалии нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ дар давлатҳои мухталиф, аҳамияти қарорҳои судҳои конститутсионӣ дар таъмини принсипи мустақилияти ҳокимияти судӣ, нақши назорати конститутсионӣ дар рушди давлати ҳуқуқбунёд ва дигар мавзӯъҳои мубрами соҳаи назорати конститутсионӣ, ки ба татбиқи амалишавии принсипи мустақилияти ҳокимияти судӣ ва таъмини бемамониати амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд нигаронида шудаанд, матраҳ гардиданд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудзода оид ба «Нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд» маърӯза карда, ба таваҷҷуҳи ҳозирин иттилоот оид ба аҳамият ва зарурати мақомоти назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон, инчунин нақши қарорҳои он дар таъмини қонунияти конститутсиониро манзур намуд.
Дар доираи сафари кории мазкур вохӯрии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо, раисон ва судяҳои судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Арманистон, Алҷазоир, Белгия, Латвия, Литва, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Словакия, Гурҷистон, Федератсияи Русия ва намояндагони мақомоти назорати конститутсионии дигар давлатҳои хориҷи кишвар доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мутақобила баррасӣ гардиданд.
Дар доираи чорабинии мазкур раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон барои саҳми назаррас гузоштан дар таҳкими мақомоти назорати конститутсионӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои Конфронси мақомоти назорати конститутсионии давлатҳои демократияи нав бо медали тиллои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон сарфароз гардонида шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






