Нахустин тавлидоти матоъҳои омехта дар Тоҷикистон
Душанбе, 20.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Дар корхонаи Нассоҷи Хуҷанд истеҳсоли матоъҳои омехта аз нахи пахта ва нахҳои сунъӣ ба роҳ монда шуд, ки ин кор бори нахуст дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шудааст.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ҳамчунин бори нахуст коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шудааст.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта, яъне корҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯхти либос аз матоъҳои пахтагӣ аз ҷумлаи супоришҳои доимӣ ва талабу пофишориҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст. Чунонки аён мегардад, татбиқи амалии ин супориш бори аввал дар корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ба роҳ монда шуд.
Ҳоло дар ин корхона бо ворид намудани таҷҳизоти муосири технологӣ истеҳсоли матоъҳои гуногуни пахтагин ва матоъҳои омехта аз нахи пахта ва нахҳои сунъӣ ва ҳамчунин дӯхти либосҳо барои низомиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва либосҳои корию мактабӣ ба роҳ монда шуда, наздики 700 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Бино ба маълумоти роҳбарияти корхона мушкилии асосии “Нассоҷи Хуҷанд” нокифоягии фармоиш ба маҳсулоти он аст. Аз ин хотир, корхона бо иқтидори пуррааш фаъолият карда наметавонад. Аҳли заҳмати корхона омодаанд, ки дар сурати афзун шудани фармоиш ба маҳсулоташон иқтидори истеҳсолии онро пурра ба кор бурда, дар тавлиди молҳои воридотивазкунанда дар Тоҷикистон саҳми намоёни худро гузоранд.
Тибқи иттилои расида дар 9 моҳи соли равон дар ин корхона ба ҳаҷми 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Сафи харидорони маҳсулоти хушсифати корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ва мутаносибан ҳаҷми истеҳсолоти он рӯй ба афзоиш дорад ва роҳбарияту коргарони он бовар доранд, ки ояндаи наздик саҳми Нассоҷи Хуҷанд дар истеҳсолоти ватанӣ ва рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон намоён хоҳад шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






