Намоишгоҳи «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир»

Октябрь 21, 2015 11:24

Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз намоиши «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» баргузор гардид. Намоиши мазкур бо дастгирии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикиситон доир гардид.  Дар  экспозитсия наздики 50 намунаи шамоилӣ чоп шуд, ки он нишонаҳои асри ХХ мебошад ва  аз хазинаи Фонди дастгирӣ ва рушди барномаҳои илмӣ-фарҳангии ба номи Шаҳобуддин Марҷонии шаҳри Маскав намоиш дода шудааст. 
Дар ифтитоҳи намоишгоҳ Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, роҳбари намояндагии «Россотрудничества» дар  Тоҷикистон  Владислав Корнушко, Президенти Фонди дастгирӣ ва рушди барномаҳои илмӣ-фарҳангии ба номи Шаҳобуддин Марҷонӣ Рустам Сулаймонов ва  директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Абдувалӣ Шарипов сухан карданд. 
Мақсад аз баргузории намоиши мазкур рушди ҳамкории мутақобила ва  мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ миёни халқҳои бародари Русия ва Тоҷикистон мебошад, зеро ин ду давлат таърихан бо анъанаҳои ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. 
Шамоил намуди махсуси санъати тасвирӣ буда, он асри Х1Х дар  замони ислоҳотхоҳӣ дар ҷаҳони ислом  пайдо шуда, дар байни тоторҳои Поволжеи Миёна паҳн шудааст. Маънои калимаи шамоил аз забони арабӣ «сифати сириштӣ, тинат, шараф» мебошад.  Дар шамоил пайвастшавии мутаносиби рассомӣ ва хушнависӣ: сухан ва тасвир зоҳир гардида, он рамзи ба худ хоси эътиқод буда, дар як вақт ифодагари вазифаҳои маърифатӣ ва ҳифозатӣ буд. Шамоилҳо аз рӯи усули тасвир дар рӯи шиша, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.  Анъанаҳои ин намуди санъат солҳои 1950 аз нав эҳё гардида, дар офаридаҳои зиёди мусаввирони муосири тотор мавҷуданд.  
Намоишгоҳ то 20 ноябр идома хоҳад ёфт. 

 

Октябрь 21, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад