Намояндагони ширкати «Томсон Рейтерс» маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд
Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сершумори ташкилоти қарзӣ 27 октябр муаррифии барномаҳо ва маҳсулоти яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳон «Томсон Рейтерс» оид ба ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиёти пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ багузор гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, дар даҳаи дуюми моҳи августи соли равон чунин як вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои «Блумберг» ва «Томсон Рейтерс» баргузор гардид ва баъди баррасии пешниҳоди маҳсулоти ширкатҳои мазкур намояндагони ташкилоти қарзии кишвар бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулоти ширкати «Томсон Рейтерс» ва ҳамчун платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардани он овоз дода буданд. Дар давоми беш аз ду моҳи гузашта аксарияти ташкилоти қарзии мамлакат бо ширкати «Томсон Рейтерс» ҳамкориро ба роҳ монда, шартномаи заруриро ба имзо расониданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






