ҲНИТ натавонист дар дили мардуми кишвар ҷой ёбад
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аслан дар давлате, ки роҳи демократияро пеш гирифтааст, ҳизбу ҳаракатҳои гуногун фаъолият мекунанд. Дар баробари талош барои музаффарият дар интихобот ва ишғоли курсиҳои Парлумон ва ҳукумат тамоми ҳизбу ҳаракатҳо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри пешрафти иқтисодиёт ва вазъи иҷтимоии давлат барномаҳои муфидро пешниҳод ва тибқи он амал намоянд. Ҳамчунин бар нафъи халқ амали хайреро ба ҷо оранд, то мақоми ҳизби мардумиро дар ҷомеа пайдо намоянд. Тоҷикистон низ чун давлати дунявию демократӣ ин роҳро пеш гирифт. Таъсис ва фаъолияти 8 ҳизбе, ки дар кишвар вуҷуд дошт, исботи ин фикр аст. Аммо ҲНИТ муддати чанд соли охир , ки дар мамлакат фаъол буд ва ҳатто дар Парлумони кишвар намояндаи мардумӣ дошт, натавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ дар дили мардуми кишвар ҷой ёбад. Аз ин рў бо хоҷаҳои аҷнабии худ аз паи тарҳрезии нақшаҳои муғризона ва ҷамъи силоҳ даст зада, оқибат хост аз тариқи ҳуҷуми мусаллаҳона ғасби ҳукумат кунад. Вале, мардуми шарифи кишвар амали хоинонаи онҳоро дастгирӣ накарданд, ба ин гурўҳи ҷиноятпеша ва хуношом касе напайваст, тамоми ҳизбҳои амалкунандаи Тоҷикистон ин амали ноҷавонмардонаро маҳкум карданд ва гурўҳи тафриқаандоз, ифротиву террористии ҲНИТ мағлуб гардид. Бастани дари чунин ташкилоте, ки монеаи сулҳу салоҳи кишвар аст, талаби қонун мебошад, зеро:
Тараҳҳум бар паланги тездандон.
Ситамкорӣ бувад бар гўсфандон.
Саъдӣ Ҳазратқулов
сармутахассиси бахши ҷавонон,
варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






