Оғози cафари кории Президенти кишвар ба вилоят Суғд
Душанбе, 18.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилоят Суғд сафар кард.
Сафари кории Сарвари давлат дар вилоят аз 18-ум то 21 — уми октябр ҷараён гирифта, дар давоми он Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Ғончӣ, Истравшан, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров ва Хуҷанд иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқро ифтитоҳ карда, бо вазъи корҳои саҳроӣ, ободонию созандагӣ шинос шуда, бо сокинону фаъолони вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд доир менамояд.
Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Айнӣ, ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент дар ноҳияҳои Айнию Панҷакент, ба фаъолият оғоз кардани зеристгоҳи барқӣ, ба истифода додани хатти баландшиддати неруи барқ дар шаҳри Қайроққум, кушодани корхонаҳои заршӯию маъдантозакунӣ дар шаҳри Панҷакент, шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар Панҷакент, оғози корҳои обёрии заминҳои обию лалмӣ ва истифодаи биноҳои истиқоматӣ барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ғончӣ, оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёди Баҳористон дар Истаравшан ва дигар тадбирҳои созандагӣ аз барномаи асосии сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд мебошад.
Ҳадаф аз татбиқи ҳамаи ин чорабиниҳо таъмини зиндагии осоиштаю сазовори мардуми кишвар мебошад, ки аз сиёсати неку бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат сарчашма мегирад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






