Ҷоизаи Бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» ба Парвона Ҷамшедов тақдим гардид
Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -22 октябр дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сарфароз гардонидан бо ҷоизаи Бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» доир гардид. Ҷоизаи мазкур ба муҳаққиқоне супорида мешавад, ки дар рушди забон, адабиёт ва фарҳанг саҳми босазо гузоштаанд. Дар соли равон ба ҷоизаи «Манучеҳри Фарҳангӣ» доктори илмҳои филологӣ Парвона Ҷамшедов барои саҳми арзишманди эшон дар таҳқиқи илмҳои фарҳанги бостонӣ ва густариши алоқаҳои фарҳангии форсизабонони дунё аз тариқи забони англисӣ супорида шуд.
Ҷоизаи Бунёди «Манучеҳри Фарҳангӣ» бо ибтикори Ҷамъияти «Пайванд» таъсис дода шудааст ва соли чорум аст, ки ба олимони шинохтаи соҳаҳои забон, адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон супорида мешавад. Маросими супоридани ҷоизаро ноиби президенти АИ ҶТ Кароматулло Олимов ифтитоҳ бахшид. Дар маросими супоридани ҷоиза профессор Масъуд Миршоҳӣ (Фаронса), раиси Ҷамъияти «Пайванд» Субҳон Кошонов, ноибони президенти АИ ҶТ Муҳиба Якубова, Саидмаҳмад Одинаев, олимони муассисаҳои илмии АИ ҶТ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Раиси Ҷамъияти «Пайванд» Субҳон Кошонов ва узви вобастаи АИ ҶТ Додихудо Саймуддинов дар ҷаласа сухан гуфта, хизматҳои илмии профессор Парвона Ҷамшедовро дар таҳқиқи фарҳанги бостонӣ ва муаррифии он тавассути забони англисӣ арзёбӣ намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






