Ҳомид Карзай: « Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон аз самими қалб бо мардуми Афғонистон дӯстӣ карданд»
Мусоҳибаи гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон бо собиқ раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мӯҳтарам Ҳомид Карзай.
Cавол: Ҷалолатмаоб, аввалан хуш омадед ба Тоҷикистон, ба хонаи дуюми худатон! Тайи ин дидори навбатӣ Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед, чӣ дигаргунию таҳаввулот ба чашм мерасанд?
Ҳомид Карзай: Тоҷикистон, бисёр дуруст гуфтед, ҳақиқатан, ки хонаи дуюми мост! Баъд аз фароғат аз раёсати ҷумҳурӣ ва бознишастагиам дилам танг шуда буд, пушти Тоҷикистон. Гуфтам, ки биравам Тоҷикистонро бубинам, мардумашро бубинам ва хусусан ҷалолатмаоб, раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дӯсту бародари бисёр азизи мо ва дӯсту бародари меҳрубони мардуми Афғонистон ҳастанд, бубинам. Ба ҳамин манзур, омадам ба Тоҷикистон. Дирӯз ва имрӯз дар Душанбе будем ва ба Норак рафтем, банди обро дидем, дастгоҳи тавлиди барқро дидем, шому наҳори бисёр маззабор ва лазиз, бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва бо масъули банди Норак ва бо масъулини шаҳри Норак доштем ва ҳоло хушбахт ҳастем, ки бо шумо сӯҳбат мекунам. Имрӯз Тоҷикистонро тараққиёфтатар, сарсабзтар, хушҳолтар ва хуррамтар ёфтем.
Cавол: Баҳои шумо ба сатҳ ва муҳтавои муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии Тоҷикистону Афғонистон, ки фикр мекунам тайи 10-15 соли охир, хеле рушд намуд, аз ҷумла дар заминаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, ҳамлу нақл, энерҷӣ ва фарҳангу маънавиёт чӣ гуна аст?
Ҳомид Карзай: Равобити ду кишвари Афғонистону Тоҷикистон хушбахтона, ки дар 14 соли гузашта, ба далели нияти бисёр неки ҷаноби мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо орзуи мардуми Тоҷикистон, ҳамчунин орзуи мардуми Афғонистон ва кӯшишҳои дуҷонибаи мо равнақи бисёр-бисёр олӣ ёфт. Тиҷорати мо чандин маротиба баланд рафт, рафтуомад байни мардуми мо чандин маротиба баланд рафт. Чандин маротиба мо ба Тоҷикистон сафар кардем, тақрибан соле як бор сафар кардем ва ду-се бор раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон ба Афғонистон сафар карданд. Дар маросимҳои хушӣ бо мо буданд, агар гоҳе ғаме буда, бо мо буданд. Пас инкишофи робитаи мо амиқ шуда, беҳтар шуданд ва боварӣ ҳаст, ки ҳамин тавр меравад.
Cавол: Чунонки борҳо зикр гардидааст, тайи солҳои охир, хусусан пас аз ифтитоҳи пулҳои мошингарди пайвандсози Тоҷикистону Афғонистон, ки ҳоло шумораашон ба 5 адад расидааст, ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвари ҳамсоя беш аз 100 баробар афзудааст. Албатта саҳми бевоситаи Шумо ва Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар татбиқи ин ва бисёр лоиҳаҳои зербиноии дигар, ки ба нафъи кулли минтақа хизмат мекунанд, хеле бузург аст. Назари Шумо ба дурнамои рушди ҳамкорӣ дар ин самтҳо?
Ҳомид Карзай: Мисле ки қаблан арз кардам, робитаи олие, ки феълан дорем, тиҷорати бузургтаре, ки байни ду кишвар ҳаст, доду сутуд ва рафтуомади беҳтар ва васеътар, ки байни ҳар ду мардум ҳаст, ба далели интихоби дурусти раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон буда, ба далели кӯшиши эшон барои эҷоди робитаи беҳтар бо ҳамсояҳо буда.
Ёдам ҳаст аз сафари аввале, ки ман ба Тоҷикистон омадам, соли 2002 буд. Аз меҳмононнавозии гармашон, аз пазироии бисёр бародарворонаашон ва аз орзуяшон ба як Афғонистони соҳиби сулҳ, Афғонистони соҳиби тараққӣ ва равнақи беҳтари зиндагӣ ҳувайдову рӯшан буд. Аз он рӯз ба баъд кӯшишҳои ҳар ду кишвар ба маротиб барои беҳбуди зиндагии беҳтар буда ва хушбахтона дидем, ки тайи 13 сол Тоҷикистон ҳам, зери замомати раисиҷумҳури муҳтарами шумо тараққии бисёр олӣ кард. Иқтисоди бузургтар мебинем, рифоҳи беҳтари мардуми Тоҷикистонро мебинем. Иншооллоҳ ба ҳамин тартиби зиндагӣ дар кишвари мо пайдо шавад. Пас, беҳбуди робитаи мо ба далели роҳбарияти хуб дар Тоҷикистон буда ва ин орзуи деринаи мардуми ду кишвар буда.
Cавол: Раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шумо ва роҳбарияти кунунии Афғонистон бисёр талош доштед ва доранд, ки суботу эътидол дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути таъмини рушди иқтисодӣ ва бо кор таъмин намудани мардуми ин кишвар барқарору устувор гардад. Баҳои Шумо ва муносибати мардуми Афғонистон ба нақши Тоҷикистон ва пешвои мардумии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна аст?
Ҳомид Карзай: Ниҳоят хуб! Мо ба нақши ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон баҳои бузург мегузорем, арзиши бузург мегузорем, ки аз самими қалб бо мардуми Афғонистон дӯстӣ карданд. Хостгори сулҳ ва сафои комил дар кишвари мо буданд. Ба ҳар иқдоме, ки зарур буда, раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон лаббайк гуфтанд ва иқдом карданд ва боиси беҳбуди робитаи бисёр олӣ байни ду кишвар ба сатҳи ҳукумат шуданд ва ба сатҳи мардум шуданд. Ҳоло ҳам, мулоқоте, ки дишаб бо Эмомалӣ Раҳмон доштам, баёнгари он аст, ки раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон орзуи бисёр олӣ дар нисбати Афғонистон дорад. Барои беҳбуду тараққии ду кишвар, доду ситоду тиҷорат ба кишвари Афғонистон орзу дорад. Балки фаррохтар аз ду кишвар, бо тамоми кишварҳои минтақа орзуи ҳамкории судманд доранд. Хоҳони беҳбуди тиҷорат байни Афғонистону Покистону Тоҷикистон ҳастанд, ҳамчунин мехоҳанд, ки нафъи ин тиҷорат ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна бирасад. Орзуи баланди байни ду кишвари бародари Тоҷикистону Афғонистон ва орзуи баланди ба сатҳи минтақаи хита дорад ва мутмаъинам, ки ин орзуҳои раисҷумҳури муҳтарами шумо ва мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин мардуми Афғонистон ва роҳбарияти Афғонистон бо натиҷаҳои беҳтаре амалӣ мешаванд.
Cавол: Бино ба андешаи коршиносон, яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи густариши бесобиқаи тиҷорати минтақавӣ ин ба мувофиқа нарасидани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон аст. Ба андешаи Шумо чаро ҳалли ин масъала ин қадар ба дарозо тӯл мекашад?
Ҳомид Карзай: Робитаи тиҷоратии Афғонистон бо Покистон агарчӣ бисёр олӣ ва хуб аст, вале мушкилоте дар он мавҷуд аст. Ин мушкилот ношӣ аз ин аст, ки Покистон намегузорад, ки моли тиҷории Афғонистон ба осонӣ ба Ҳиндустон барояд ва ё моли тиҷории Ҳиндустон ба осонӣ ба Афғонистону ба Осиёи Миёна бирасад.
Афғонистон хостгори густариши робита ба тамоми минтақа аст, вале зарурати робитаи тиҷории сеҷониба ва транзити сеҷониба байни Афғонистону Тоҷикистону Покистон як зарурияти ҳаётӣ ва ҳатмӣ аст. Мо мутъмаин ҳастем, ки бо мурури замон ин мушкил ҳал мешавад.
Cавол: Вазъи кунунӣ ва дурнамои иҷтимоию иқтисодӣ ва амниятии Афғонистонро дар маҷмӯъ шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ба андешаи Шумо чӣ омилҳо намегузоранд, ки мардуми сарбаланди Афғонистон ба сулҳу суботи комил бирасанд?
Ҳомид Карзай: Мутаассифона, мудохилоти берунӣ, ки боиси эҷоди терроризм дар Афғонистон шуда, боиси эҷоди ифротгароӣ ва садамоти бисёр шадиде ба мардуми Афғонистон шудааст. Мо орзу дорем, ки кишвари дӯсту бародари мо Покистон, ки мо бо ҳам ҳамдин ҳастем ва дар бисёр маврид соҳиби торихи муштарак ҳастем, Афғонистонро ба ҳайси як кишвари дӯсту бародари худ бидонад, аз ташвиқи ифротгароӣ дар Афғонистон ва дар минтақа даст бикашад. Агар ин кор шавад, сулҳу сафо ба Афғонистон фавран бармегардад ва робитаи тиҷории байни кишварҳои минтақа, хусусан бо Тоҷикистон равнақи бисёр бузургтаре мегирад. Дар ин росто мехоҳам ба шумо арз кунам, ки раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон кӯшишҳо доранд ва мехоҳанд, ки ин кӯшишҳо васеътар шавад ва доманаи бузургтаре пайдо кунад ва худо ҳохад ба натиҷа бирасад.
Cавол: Дар шимоли Афғонистон нуфуз пайдо кардани гурӯҳҳои террористию ифротгаро ва ҳодисаҳои мудҳише, ки гоҳ гаҳе дар ин минтақа рух медиҳанд ва хусусан ба як муддате зери назорати толибон мондани шаҳри Қундуз аз чӣ таҳаввуле гувоҳӣ медиҳанд? Оё дуруст аст, ки ҳадафи доираҳои бонуфузи хориҷӣ омода кардани як пойгоҳ барои ворид намудани террористон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ноором кардани вазъият дар ин минтақа аст, ё худ интиқол додани нооромӣ аз Афғонистон ба минтақаи мо?
Ҳомид Карзай: Бале, бале, бале! Қисме, ки қаблан арз кардам, терроризм ва ифротият имкон надорад, ки бидуни пуштибонии доираҳои хориҷӣ тавонанд фаъолият дошта бошанд, рушд кунанд ва ё тавонанд таҳдиде ба кишварҳо ва мардум бошанд. Ҳатман касе бояд инҳоро тарбия кунад, касе инҳоро пул диҳад, аз ҷое ба инҳо кӯмак расад, инҳоро ташвиқ кунад. Мутаассифона, аз солҳои пештар дидем, ки дар кишвари ҳамсояи мо Покистон инҳо буданд, ки дар он ҷо ташвиқ шуданд ва парваронида шуданд ва ба Афғонистону минтақа фиристонида шуданд. Покистон худаш садамоти бузурге аз ин ноҳия дид, мардуми Покистон садамаи бузурге аз инҳо диданд. Пас орзуи авваламон ин аст, ки робитаи Афғонистону Покистон ба тартибе шавад ва робитаи Покистону минтақа ба тартибе шавад, ки терроризм ба ҳайси як васила истемоъ нашавад, ифротият ба ҳайси як васила истемоъ нашавад.
Ноамниҳои охири Қундуз ҳам бидуни ҳиҷ шакку шубҳа тадбире баста ба тақвияти ифротгароӣ аст. Орзуи мо дар ин маврид ин аст, ки Амрико ва НАТО, ки ба Афғонистон барои мубориза бо ифротиёт омаданд, ин ҳақиқатро дарк кунанд, ки ин мубориза бо терроризм шиддат дода шавад ва дар ҳамоҳангии бузургтаре бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон шаванд. Инчунин дар ҳамоҳангии бузургтаре бо кишварҳои бузурги минтақа ба мисли Русия, Чин ва Ҳинд шаванд. То ҳамаи мо бо ҳам якҷо битавонем, ки ин наҳсеро, ки домангири кишварҳои мо шуда ва осеби бузурге ба мо мерасонад, маҳораш кунем, маҳдудаш кунем ва доманашро барчинем.
Cавол: Андешаи Шумо доир ба эҳтимоли ба ҳам пайвастани Толибон бо гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ дар Афғонистон, оё вуҷуд дорад чунин эҳтимол ё онҳо чун рақибони ҳамдигар боқӣ мемонанд? Дар ҳолати ба ҳам пайвастан оё метавонанд онҳо воқеан барои Осиёи Марказӣ хатарзо бошанд?
Ҳомид Карзай: Ҳатман метавонад, ки боиси хатар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шаванд. Бубинед, ки дар Афғонистон инҳо чӣ карданд ва дар Шарқи Миёна, дар Сурияву дар Ироқ чӣ карданд. Пас, имкон аз ин аст, ки баъзе аз толибон ба ДИИШ бипайванданд ва ё ташвиқ ба пайвастан ба ДИИШ шаванд, ки ин бар мо эъзомовар аст, ки кишварҳои минтақа ва кишварҳои бузурги минтақа хусусан бо ҷаҳони Ғарб якҷоя, агар дар ният барои муқобила бо ДИИШ бошанд, муттаҳид шавем ва нагузорем, ки домани ин ифротгароӣ васеътар шавад ва худо накарда газандаш ба кишварҳои Осиёи Миёна бирасад. Пас муқобилияти ҷиддӣ ва ҳақиқӣ бояд бикунем.
Cавол: Оё вуҷуд дорад роҳе, ки Афғонистонро ба субот бирасонад? Дар миёни мардуми Афғонистон андешае ҳаст, ки барои ин кишвар пешвои мумтозе мебояд, ки аксари мардум эътирофаш кунанд ва чунонки Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон анҷом дод, дар Афғонистон ҳамаро муттаҳид карда, сулҳу суботро барқарор созад ва кишварро ба роҳи рушди бонизом бубарад. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?
Ҳомид Карзай: Ҷаноби муҳтарам раисҷумҳури Тоҷикистон, бародари гиромии мо Эмомалӣ Раҳмон як дастоварди бузурге барои Тоҷикистон дорад. Тоҷикистон 15-16 сол пеш домангири мушкилоти мушобеҳ бо Афғонистон буд. Дар он солҳо ман муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон будам ва дида будам, ки Тоҷикистон аз кадом ҳолатҳо мегузарад. Бо иродате, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон доштанд, бо кифояте, ки доштанд, бо тасмими қотеъ, ки доштанд, кишварро ба сулҳу субот оварданд, бо ифротиёт мубориза карданд, кишварро ба тарафи рушд ва тараққӣ пеш бурданд. Умедвор ҳастем, Афғонистон ҳам дастовардҳои 13 соли гузаштаро тараққиву пешрафт медиҳад, ин дастовардҳоро мо аз даст надиҳем ва ба тарафи ояндаи беҳтаре биравем. Умед ҳаст, ки роҳбарияти феълии Афғонистон кишварро аз мушкилоте, ки феълан домангири он ҳаст, раҳо мекунанд ва ватани моро ба тарафи рӯшании беҳтаре ҳидоят мекунанд, то ҳамаи мо ором шавем.
Cавол: Агар иҷозат бидиҳед, дар поёни суҳбат як хабари хусусӣ, нахустин раисиҷумҳури аз ҷониби мардум интихобшудаи Афғонистон имрӯзҳо куҷоянд, бо чӣ корҳо машғуланд ва чӣ нақше дар саҳани сиёсии Афғонистон доранд?
Ҳомид Карзай: Бознишаста ҳастам ва дар хонаи бознишастагии худ зиндагӣ мекунам, бо мардуми Афғонистон дар тамоси рӯзмарра ҳастам. Ба ҳайси як шаҳрванди Афғонистон нигарони авзои кишвари худ ҳастам. Дар ҷое, ки аз ман ба хайри Афғонистон, барои суботи Афғонистон, тараққиву беҳбуди вазъи зиндагии мардуми Афғонистон коре бошад, хизмате бошад аз ӯ дареғ намекунам. Хусусан дар роҳи беҳбуди робита бо кишварҳои ҳамсоя ва хусусан кишвари дӯсту бародар Тоҷикистон ҳамеша кушо мебошам ва аз беҳбуди робита ва амиқ кардани робита бо Тоҷикистон лаззат мебарам, хушҳол мешавам.
Барои сӯхбати озоду самимӣ изҳори ташаккур мекунем.
Ҳомид Карзай: Салом ба мардуми Тоҷикистон!