Ғоратгари 18 — сола дастгир шуд

Октябрь 26, 2015 06:54

Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони милиса  дар  ҷараёни  амалиёти  фаврӣ  сокини 18 — солаи ноҳияи  Хисорро  ба иттиҳоми ғоратгарӣ   дастгир  намуданд. 
Тавре  ки   ВКД  ҶТ  хабар  медиҳад,  шахси   гумонбаршуда  дар  назди  бинои  истиқоматии  кӯчаи  Маяковскии  шаҳри  Душанбе бо  мақсади  зӯран  аз  худ  намудани моли  шахси  дигар  бо  истифода аз  хишт  ба  сари  сокини  39 —  солаи  сокини  ноҳияи  Рӯдакӣ  зарба  зада,  аз  ҷабрдида  22  ҳазор   рубли  русиягӣ ва  100  доллари  ИМА — ро  кашида  гирифта,  аз ҷойи  воқеа  ғайб задааст. 
Нисбат ба айбдор тибқи  моддаи   249 Кодекси ҷиноятии ҶТ  парвандаи  ҷиноӣ  кушода, тафтишот  идома дорад. 

Октябрь 26, 2015 06:54

Хабарҳои дигари ин бахш