Партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш аз нав фаъол гардид
Душанбе, 05.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон партовгоҳ барои нигоҳдории заҳрхимикатҳо аз нав ба фаъолият оғоз намуд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо изҳори минатдорӣ ба роҳбари Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маркус Мюллер ва намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Барномаи Рушди СММ Александр Зуев ва дигар ташкилоти байналмилалие, ки саҳми худро дар барқарорсозии ин иншоот расониданд, гуфт, ки: Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъалаҳои ба эътидол овардани вазъи иқтисодӣ- иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Беҳбудиҳо нисбат ба ҳамаи соҳаҳои муҳити зист, танзими корҳои сабзазоркунӣ ва ободонӣ, пешгирии эрозияи замин, баландшавии обҳои зеризаминӣ, шикори ғайриқонунии ҳайвонот, буриши бераҳмонаи дарахтон, идоракунии партовҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, масъалаҳое мебошанд, ки дар мадди назари аввали Ҳукумат қарор доранд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи сиёсати экологии кишвар захираю имкониятҳои худро барои ҳифз ва беҳдошти муҳити зист самаранок истифода бурда, барои дар ҳолати хуб қарор додан ва ба наслҳои оянда мерос мондани он корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.
Тоҷикистон имрўз шомили 10 Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист мебошад, ки яке аз онҳо ин Конвенсияи Стокголми оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ мебошад.
Бо назардошти ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба афзоиши таъсири манфии ифлоскунандаҳои устувори органикӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист, ки мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии иҷрои уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи Стокголми СММ доир ба ИОУ»-ро таҳия намудааст, ки вазифаи асосии он паст намудани таъсири заҳрхимикатҳои дорои ифлоскунандаҳои устувори органикӣ ба аҳолӣ ва солимгардонии муҳити зист мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






