Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон оғоз шуданд
Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Беларус доир мешаванд. Барои иштирок дар ин чорабинии фарҳангӣ имрӯз ба Тоҷикистон ҳайати намояндагони Беларус иборат аз 37 нафар бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Васили Черник ба Тоҷикистон омаданд.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,
16 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳамтои беларусаш Борис Светлов доир мегардад. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст. Ифтитоҳи расмии рӯзҳои фарҳангӣ дар ин рӯз сурат мегирад.
Дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангӣ намоиши филмҳои беларусӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки филмҳои бадеии «Қалъаи Брест» ва «Нақшҳои мубаллиғон» намоиш дода шаванд. Ҳамчунин бинандагон метавонанд аз ҳунарнамоии ансамбли давлатии рақсии Беларус баҳра бурда, аз намоишгоҳи расмҳо дар бораи Беларус дидан кунанд.
17 октябр ҳайати Беларус дар шаҳри Турсунзода барномаи фарҳангӣ доир намуда, бо ангурзори ин шаҳр шинос мешаванд.
18 октябр намояндагони Ҷумҳурии Беларус бо маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе шинос шуда, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд.
Дар ин рӯз маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон барпо мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






