Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон оғоз шуданд

Октябрь 15, 2015 05:06

Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе  Рӯзҳои фарҳанги Беларус доир мешаванд. Барои иштирок дар ин чорабинии фарҳангӣ имрӯз ба Тоҷикистон ҳайати намояндагони Беларус иборат аз 37 нафар бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Васили Черник ба  Тоҷикистон омаданд.     
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 
16 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳамтои беларусаш Борис Светлов  доир мегардад. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст. Ифтитоҳи расмии рӯзҳои фарҳангӣ дар ин рӯз сурат мегирад. 
Дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангӣ намоиши филмҳои беларусӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки филмҳои бадеии «Қалъаи Брест» ва «Нақшҳои мубаллиғон» намоиш дода шаванд. Ҳамчунин бинандагон метавонанд аз ҳунарнамоии ансамбли давлатии рақсии Беларус баҳра бурда, аз намоишгоҳи расмҳо дар бораи Беларус дидан кунанд.
17 октябр ҳайати Беларус дар шаҳри Турсунзода барномаи фарҳангӣ доир намуда, бо ангурзори ин шаҳр шинос мешаванд. 
18 октябр намояндагони Ҷумҳурии Беларус бо маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе шинос шуда, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд. 
Дар ин рӯз маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Беларус  дар Тоҷикистон барпо мешавад. 

 

Октябрь 15, 2015 05:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд