Рушди муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар марҳилаи кунунӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ мегардад
Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Беларус доир мешаванд. Аз соли 2011 инҷониб Шӯрои кории Тоҷикистону Беларус амал менамояд. Миёни ин кишварҳо робитаҳои фарҳангии байниҳамдигарӣ нисбатан рушд ёфта, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва тандурустӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар моҳи сенябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ факултаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус фаъолияти худро оғоз намудааст. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик фиристода мешаванд.
Асарҳои як гурӯҳ шоирон ва нависандагони тоҷик ба забони беларусӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Беларус, ки моҳи марти соли 2012 таъсис ёфтааст, фаъолияти босамар дошта, робита бо Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Беларус, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, ба роҳ монда шудааст. Муносибатҳои байнипарлумонӣ инкишоф ёфта, бо мақсади тақвияти он Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ таъсис шудааст. Ходимони фарҳанг ва илми ду кишвар дар чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ, форумҳои таълимӣ ва намоишгоҳҳое, ки дар Тоҷикистону Беларус доир мегарданд, иштирок менамоянд.
Дар маҷмӯъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус раванди мунтазами вусъатёбиро дорад. Дар он ҷараёни амалисозии кӯшишҳои тарафайни кишварҳо ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкории гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои ҳарду давлат ба мушоҳида мерасад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштҳо оғоз гардид. Аз соли 1997 дар шаҳри Минск Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе аз соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Беларус фаъолият дорад.
Рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба байни Тоҷикистону Беларус дар марҳалаи имрӯза дар сатҳи баланд арзёбӣ мегардад. Муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад. Вобаста ба аксари масъалаҳои муҳими байналмилалӣ назар ва мавқеи ҳарду кишвар ба ҳам наздик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус оид ба масъалаҳои узвият дар сохтори байналмилалӣ пайваста ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






